IQNA

Ба анҷом расидани давраи тобистонаи Қуръонӣ барои бонувон дар Масҷидулҳаром

15:53 - July 28, 2025
рақами хабар: 3656
Давраи тобистонаи ҳифзи Қуръон барои бонувон, ки бо ташаббуси Маркази ҳалқаҳо ва ҷаласаҳои Қуръонии занонаи Масҷидулҳаром баргузор шуда буд, ба поён расид.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз ajel-news24, ин давра дар чорчӯби барномаҳои Идораи кулли корҳои роҳнамоӣ ва иршодӣ дар Масҷидулҳаром ва бо ҳадафи расидан ба мақсадҳои нақшаи амалӣ махсуси мавсими умра баргузор гардида буд.

Ин давраи Қуръонӣ як қисми барномаҳои раёсати масҷид буд, ки ҳадаф дошт таҷрибаи зиёрати бонувонро ғанӣ гардонад ва ба онҳо кумак кунад, ки дар як муҳити маънавӣ ва ибодӣ ибодатҳояшонро хуб иҷро кунанд.

Ин барнома рӯзи 25-уми Зулҳиҷҷаи соли 1446 ҳиҷрии қамарӣ оғоз шуда буд. Дар он, 1602 нафар Қуръономӯзи зан дар 62 ҳалқаи таълимии Қуръон ширкат карданд ва дар се бахши таълимӣ омӯзиш диданд.

Ин давра бо хатми Қуръон ба ривоятҳои гуногун тавассути 55 нафар аз иштирокчиён ва як барномаи махсус барои таҳкими ҳифзи Қуръон, ки дар он 140 нафар духтари Қуръономӯз ду маротиба Қуръонро хатм карданд, ба анҷом расид.

Устодони соҳибтаҷриба ва бонуфузи Қуръон, ки дар қироат ва таълим маҳорати баланд доранд, барномаҳои таълимии ин давраро пеш бурданд.

Ин барнома як қисми талошҳои ҷиддӣ ва роҳандозии барномаҳои Раёсати Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ (с) буд, ки ҳадафаш ин буд:

Таваҷҷуҳи бештар ба Китоби Худо (Қуръон),

Ташвиқи занон ба иштирок дар ҷаласаҳои Қуръонии ҳарамайн (ду масҷиди муқаддас),

Паҳн кардани маърифати Қуръонӣ

Омӯзиши Қуръон ба бонувони зиёраткунанда.

4296748

captcha