IQNA

Резервкунии онлайн барои манзили ройгон ба зоирони Арбаин дар Ироқ оғоз шуд

13:33 - August 03, 2025
рақами хабар: 3684
Мудири иҷроияи барномаи “Муфид” аз роҳандозии хидмати нави онлайн барои резерв кардани манзили ройгон барои зоирони Арбаини Имом Ҳусайн (а) хабар дод.

Ба гузориши ИКНО, ба нақл аз хабаргузории расмии Ироқ, ин ибтикор бо ҳадафи осон кардани иқомати зоирон ва таъмин намудани амнияту оромии бештар дар рӯзҳои маросими Арбаин роҳандозӣ шудааст.

Муҳаммад ал-Мусавӣ, мудири иҷроияи барномаи “Муфид”, гуфт:

“Мо кӯшиш кардем имкониятҳои мардумӣ ва зерсохторҳои фанниро ба кор гирем, то барои зоирон муҳити амну ором ва ройгони иқомат фароҳам созем — монанди солҳои гузашта. Дар асл, ин иқдом як кори муштараки мардум аст барои хидмат ба зоирон дар ин маросими бузурги мазҳабӣ.”

Ӯ афзуд, ки ин хидмат имкон дорад шабона то 75 ҳазор нафар зоирро пазироӣ намояд ва дорои хусусиятҳое монанди чати онлайн бо тарҷумаи худкор, дастгирии шаш забони байналмилалӣ ва хидмати техникии 24-соата мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, то ба имрӯз корбароне аз беш аз 25 кишвари дунё дар ин барнома сабти ном кардаанд. Пешбинӣ мешавад, ки шумори мизбонон ва ширкаткунандагон дар дохили Ироқ дар рӯзҳои зиёрат ба таври чашмгир афзоиш ёбад.

Барои резерв кардани манзили ройгон, зоирони Арбаин метавонанд ба сомонаи расмии барнома муроҷиат кунанд:
https://trip.mofidapp.com

Ҳамзамон, шахсоне ки хоҳиш доранд хона ё ҳусайнияи худро барои зоирон пешниҳод намоянд, метавонанд тавассути ин нишонӣ сабти ном кунанд:
 https://trip.mofidapp.com/ar/login?rd=/ar/hosts/create

4297626

captcha