IQNA

Мамнӯъияти истифодаи акси Оятуллоҳ Систонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ

15:45 - August 05, 2025
рақами хабар: 3692
Дафтари Оятуллоҳи бузург Сайид Алии Систонӣ дар шаҳри Наҷаф бо пахши як изҳорот эълон кард, ки истифода бурдан аз акси эшон аз тарафи ниҳодҳои сиёсӣ ва хизматрасон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ хусусан дар роҳпаймоии Арбаин манъ аст.

Бино ба гузориши Иқно, нақл аз Мидл Ист Ньюз, баъди паҳн шудани хабарҳо дар бораи он ки баъзе ниҳодҳои сиёсӣ ва хизмати ҷамъиятӣ акси Оятуллоҳ Систониро дар баннерҳо ва постерҳо, ки дар кӯчаҳо ва махсусан дар роҳрави зоирони Имом Ҳусайн (а) овехта буданд, истифода мебаранд  дафтари эшон бо нашри як баёния норозигии худро аз ин амал баён кард.

Дар ин баёния омадааст: дида мешавад, ки баъзе аз ниҳодҳои сиёсӣ ва хизматрасон акси ҳазрати Оятуллоҳро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва махсусан дар роҳпаймоии Арбаин ба даст мегиранд ё овезон мекунанд.

Ин баёния таъкид мекунад: мо бори дигар зидди чунин амалҳо ҳастем ва аз ҳамаи афрод хоҳиш мекунем, ки аз чунин корҳо худдорӣ намоянд. Ҳамчунин, аз мақомот ва ниҳодҳои дахлдор мехоҳем, ки дар ин самт чораҳои лозимаро биандешанд.

4297926

captcha