IQNA

Рӯнамоӣ аз Портали ҷаҳонии Қироати рақамии Қуръон дар Макка

16:19 - August 05, 2025
рақами хабар: 3699
Дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии ислом дар маросиме аз портали ҷаҳонии қироати рақамии Қуръон дар шаҳри Макка рӯнамоӣ кард.

Ба гузориши Иқно аз Saudi Gazette, шейх Муҳаммад бин Абдулкарим Алъйисӣ, дабири кулли Анҷумани ҷаҳонии ислом ва раиси Иттиҳодияи уламои мусалмон, дар ин маросим ҳамчунин маҷлиси ҳамоҳангсозиро барои платформаҳои ҷаҳонии қироати рақамии Қуръон ифтитоҳ ва нахустин ҷамъияти ҷаҳонии тахассусӣ барои қироати онлайнро таъсис дод.

Ин маросим бо ҳузури муҳаққиқон, пажӯҳишгарон ва мутахассисони шинохтаи соҳаи қироат ва таълими Қуръон ва инчунин намояндагони 50 платформаи ҷаҳонии қироати рақамӣ баргузор шуд. Ин иқдом як қадами пешрафта дар омӯзиш ва қироати Қуръон аз масофаи дур тавассути технологияҳои муосири иртиботӣ мебошад.

Алъйисӣ меҳмононро хайрамақдам гуфт ва таъкид кард, ки ин ташаббусҳо бо вазифаи Иттиҳодияи ҷаҳонии ислом барои тақвияти иттиҳоди уммати исломӣ ва хизмат ба Қуръони Карим мутобиқат доранд.

Ҳамчунин, Аҳмад Ҷамил аз Индонезия, намояндаи платформаҳои иштироккунанда, аз дурнамои илмӣ ва техникии Иттиҳодияи ҷаҳони ислом дар пайваст кардани ҷаҳон бо Қуръон ва осон кардани омӯзиши каломи Худо бо риояи меъёрҳои дуруст ситоиш кард.

Дар нишастҳои Анҷумани уламои мусалмон масъалаҳое мисли қоидаҳои додани иҷозатномаҳои қироат (сертификат) тавассути платформаҳои рақамӣ, рушди абзорҳои таълимӣ барои омӯзиши Қуръон аз масофа, ҳамоҳангсозии кӯшишҳои байналмилалӣ дар қироати рақамии Қуръон ва пешниҳоди ташаббусҳои навоварона бо такя ба технология дар омӯзиши Қуръон баррасӣ шуд.

Аз ҷумлаи тавсияҳои асосии ин Анҷуман таъсиси «Ҷамъияти ҷаҳонии платформаҳои қироати рақамии Қуръон» зери назари Иттиҳодияи ҷаҳонии ислом буд, то ин ниҳод ҳамчун як ташкилоти байналмилалӣ барои назорат ва рушди қироати рақамии Қуръон фаъолият кунад.

4298328

captcha