
Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз вебгоҳи рӯзномаи қатарии “Аш-Шарқ”, видеое аз Масҷиди Осорхонаи "Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ" дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор ёфта, ки дар он тарроҳии вижаи манораи ин масҷид, ки каҷ дида мешавад, барҷаста шудааст.
Ин Масҷид ва манора дар муҳавватаи Осорхонаи Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ дар шаҳри “Ал-Шаҳония” қарор дорад ва тарроҳии масҷид яке аз тарҳҳои муҳандисии мунҳасир ба фард барои меъмории як масҷид ва як манора аст.
Ба гуфтаи сарпарастони осорхона, тарроҳии муҳандисии масҷид ва манора аз назари сохтор бисёр душвор аст ва ба далели вазни манора ва тарроҳии вижаи он ва эҳтимоли эҷоди мушкилоти сохтор, маҷмӯае аз ҳисгарҳо ба таври пайваста дар ҳоли баррасии вазъияти сохтори манора ҳастанд то аз бурузи ҳаргуна ҳодисае ба далели тарроҳии вижаи ин манора пешгирӣ шавад. Гунбад ин манора аз "Хон Халилӣ" Миср овардашудааст.
Осорхонаи “Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ” шомили як дарвозаи бостонӣ бо қидмати садҳо сол аст ва илова бар ин шомили масҷид, осорхона, ҳутел ва меҳмонхона, тӯп ва мошинҳои қадимӣ низ мешавад.
Ба гузориши веб-сайти “Қатар Туризм”, Осорхонаи “Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ” дар хориҷ аз шаҳр дар қалъае қарор дорад, ки ба сабки суннатии тарроҳӣ шуда ва шомили маҷмӯаи шахсии Шайх Файсал ва маҷмӯае аз осор аст, ки шомили осори ҳунари исломӣ, мероси Қатар, васоили нақлия, фаршҳои дастбоф ва сиккаҳои қадимӣ аз беш аз чаҳор қорраи ҷаҳон аст.
Осорхонаи Файсал ибни қосим, ки дар соли 1998 мелодӣ сохта шуд, беш аз 15 ҳазор қитъаи арзишманди таърихиро дар худ ҷой додааст. Ин маҷмӯаи чашмгир шомили осоре аз аҳди қадим то имрӯз аст.
Ашёъи мавҷуд дар Осорхонаи Файсал ибни Қосим дар тӯли сафарҳои ӯ ба саросари ҷаҳон ҷамъоварӣ шуданд.
Осорхонаи Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ ба чанд бахш тақсим шудааст. Барҷастатарини бахши он мутааллиқ ба Қуръонҳои нафиси хаттӣ аст, ки шомили теъдоди зиёде аз нусахи қадимии Қуръон аст, илова бар он, бахше аз пардаи қадимии Каъба низ дар ин бахш нигаҳдорӣ мешавад.
Ҳамчунин беш аз 700 фарши дастбоф, ки аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дорои бофт, ранг ва тарҳҳои мухталиф ҳастанд, дар ин Осорхона нигаҳдорӣ мешавад.
Дар идома як видео, ки аз масҷиди Осорхонаи “Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор ёфта ва дар он тарроҳии вижаи манораи ин масҷид, каҷ дида мешавад, мушоҳида мекунед.
https://iqna.ir/fa/news/4141473