Ба гузориши ТоҷикПресс, дар ҳамлаи террористии ражими Исроил ба хаймаҳои рӯзноманигорон дар атрофи беморхонаи “Аш-Шифо” дар шаҳри Ғазза, “5 рӯзноманигор”, аз ҷумла “Анас Шариф” – яке аз машҳуртарин рӯзноманигорони “Ал-Ҷазира”, ки бо унвони “Садои Ғазза” машҳур буд, ба шаҳодат расиданд.
Артиши ражими исроилӣ бо содир кардани баёнияе расман тасдиқ кард, ки як гурӯҳи рӯзноманигоронро дар Ғазза “ба таври мустақим” ҳадафи ҳамла қарор додааст, вале ҳамзамон дар тавзеҳи ин амали ҷинояткоронаи худ, иртиботи Анас Шарифро бо муқовимати Фаластин иддио кард.
Анас Шариф пеш аз ин як бор хонааш ҳадафи ҳамлаи саҳюнистҳо қарор гирифт, вале худаш дар хона набуд ва падараш дар ин таҷовуз ба шаҳодат расид.
Бо шаҳодати ин рӯзноманигорон, шумораи шаҳидон аз ҳайати расонаҳо аз оғози ҷанги Ғазза дар “7 октябр” то ҳол ба “237 нафар” расид.
Ҳаракати Ҳамос дар аввалин вокуниш ба ин ҷинояти саҳюнистҳо дар ҳамла ба хаймаҳои рӯзноманигорон дар Ғазза таъкид кард: “Шаҳодати Анас Шариф ва Муҳаммад Қурайқа – ду рӯзноманигори Ал-Ҷазира аз ҷониби артиши фашистии душман, ҷинояти ваҳшиёнаест, ки аз ҳама ҳудудҳои фашизм ва ҷиноят берун рафтааст.”
https://tajikpress.com/2025/08/11