IQNA

Аз Ошӯро то Арбаин – Нодида гирифтани номи Ҳусайн (а) дар расонаҳои Ғарб

14:40 - August 15, 2025
рақами хабар: 3730
Вақте ки рекордҳои оддии беаҳамият дар китоби рекордҳои Гиннес сабт мешаванд, аммо бузургтарин ҷамъомади осоиштаи таърих, ки бо ҳузури 20 миллион нафар баргузор мегардад, нодида гирифта мешавад ин саволро ба миён меорад, ки: То куҷо нақли воқеаҳо дар расонаҳои ҷаҳонӣ бо ростӣ ва беғаразӣ сурат мегирад? Ин саволест, ки ҳар сол бо шукуҳи роҳпаймоии Арбаин, боз ҳам муҳимтар ва ҷиддитар матраҳ мешавад. Дар асл, Арбаин як рамзи имон, фидокорӣ ва ҳамбастагӣ аст ва ҳамин чизест, ки душманон намехоҳанд ҷаҳониён онро бубинанд ва бишносанд.

Сайид Мустафо Мирзобоқирӣ Барзӣ, таҳлилгари расона, дар як матлаби вижа барои хабаргузории ИҚНО ба сансури шадиди роҳпаймоии Арбаин дар расонаҳои ғарбӣ ишора кардааст, ки шарҳи онро дар поён мехонед:

Бо фаро расидани моҳи Сафар, раҳпаймоии Арбаин  бузургтарин гирдиҳамоии башарӣ дар қалби Ховари Миёна  шакл мегирад. Миллионҳо зоир, аз шиаҳо ва дӯстдорони аҳли байт (а) то пайравони дигар адёни Илоҳӣ, садҳо километр роҳро пиёда тай мекунанд, то ба зиёрати ҳароми Имом Ҳусайн (а) бираванд ва ба шаҳидони Карбало эҳтиром гузоранд.

Ин ҳаракати азим на танҳо нишонаи имон ва муҳаббати самимӣ ба аҳли байт (а) аст, балки рамзи ваҳдату ҳамбастагӣ миёни уммати исломӣ ва ҳамаи озодандешони дунё низ ба ҳисоб меравад.

Ба иттилои мақомоти расмии Ироқ, имсол дар Арбаин зиёда аз 20 миллион зоир аз 60 кишвари ҷаҳон ширкат кардаанд, ки ин рақам тақрибан 60 фоизи аҳолии Ироқ-ро ташкил медиҳад. Ин теъдод 6 баробар бештар аз шумораи зоирони ҳаҷ ва чандин маротиба бештар аз бисёр рӯйдодҳои дигари ҷаҳонист.

Бо вуҷуди ин, расонаҳои Ғарб махсусан расонаҳои форсизабони вобаста ба давлатҳои ғарбӣ ин ҳодисаи бузургро ё комилан сарфи назар мекунанд, ё бо таблиғи шоеаҳо ва ҳошиясозии бардурӯғ, монанди тарҳи ноамнӣ, дахолати сиёсӣ ё ғизои ройгон, кӯшиш мекунанд онро таҳриф ва заиф нишон диҳанд.

Дар ҳоле ки як тазоҳуроти чанддаҳнафара дар гӯшае аз дунё сарлавҳаи расонаҳои ҷаҳонӣ мешавад, ин гирдиҳамоии 20-миллиона ба шакли ҳадафмандона дар хомӯшӣ нодида гирифта мешавад.

Ин стандарти дугона, равиши ғаразнокеро нишон медиҳад, ки аз ба тасвир даромадани ваҳдату бузургии ин воқеа ҳарос доранд.

Арбаин танҳо ба маънои теъдоди зоирон нест. Ҳар рӯз беш аз 50 миллион ваъдаи ғизо аз тарафи мардуми одӣ, кишоварзон ва соҳибони мақомҳои хидматрасон (мавкебҳо) ба таври ройгон тақсим мешавад  яъне тақрибан 700 миллион ваъдаи ғизо дар давоми рӯзҳои Арбаин.

Ин меҳмоннавозии бесобиқа, ки баъзан бо фурӯши дороиҳои шахсӣ барои хизмат ба зоирон анҷом мегирад, дар ҷаҳон назир надорад ва сазовори он аст, ки бузургтарин ва тӯлонитарин дастурхони олам унвон шавад.

Аммо китоби рекордҳои Гиннес, ки ҳатто чизҳои беҳудаеро мисли "дарозтарин гӯши саг" ё "пӯшидани садҳо футболка" сабт мекунад, аз сабти бузургтарин раҳпаймоии ҷаҳон ва ин хизматрасонии ихтиёрии беназир худдорӣ мекунад. Ин хомӯшӣ нишон медиҳад, ки нодида гирифтан ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Ин пинҳонкорӣ танҳо аз сӯи расонаҳои мухолифи Эрон танқид нашудааст. Баъзе рӯзноманигорони мустақили ғарбӣ низ ба ин равиш эътироз кардаанд.

Яке аз нависандагони маҷаллаи Huffington Post менависад:

«Чӣ тавр мумкин аст, ки як тазоҳуроти кучак дар Лондон ё Ҳонгконг саросари ҷаҳонро пур кунад, вале ҷамъомади 20-миллионаи Арбаин ҳатто ба зериэкран (сабтҳои поён) роҳ наёбад?»

Ин суол амиқи стандарти дугонаи расонаҳои асосии ҷаҳонӣ-ро нишон медиҳад ва исбот мекунад, ки судҳои сиёсӣ бар арзишҳои ахборӣ ҳукмронӣ доранд.

Роҳпаймоии Арбаин, танҳо як маросими мазҳабӣ нест балки як паёми ҷаҳонӣ аз ваҳдат ва муқовимат аст. Ҳузури зоирон аз мазҳабҳо ва адёни гуногун шиа, суннӣ, масеҳӣ, яздӣ, зардуштӣ ва ғайра намунаи ҳамзистии комил ва якдилии бемисл дар дунёст.

Арбаин ба душманони аҳли байт (а) ва гурӯҳҳои террористӣ нишон медиҳад, ки бо таҳдид ва зулм, муҳаббати мардум ба Имом Ҳусайн (а) аз байн намеравад.

Муттахассисон бар ин боваранд, ки маҳз паёми ваҳдату истодагарӣ сабаби он шудааст, ки расонаҳои қудратманд дар пайи сансур ва нодида гирифтани ин воқеа баромадаанд.

Ҳар як зоири Арбаин, бо шиорҳое чун «Лаббайк ё Ҳусайн» ва «Ҳайҳот минназзилла», ҳамчун як пайғомбари озодӣ ва фидокорӣ паёми муқовиматро ба ҷаҳониён мерасонад.

Ин ҷамъомади бузург, бо такя ба ду унсури вилоят ва шаҳодат, посухи равшану устувор ба ҳама фишорҳо ва таҳдидҳост.

Муқоиса бо дигар гирдиҳамоиҳои ҷаҳон

Барои дарки амиқи бузургии Арбаин, кофист ба омори дигар ҷойҳои зиёратӣ назар афканем:

Макка ва Мадина ҳар сол 7 то 10 миллион зоир мегиранд

Машҳади муқаддас: 25 то 45 миллион

Маҷмааи Саабаримала дар Ҳинд: тақрибан 50 миллион

Ватикан: 18 миллион

Аммо Карбало, бо 45 то 55 миллион зоир дар сол ва зиёда аз 20 миллион нафар танҳо дар рӯзи Арбаин, воқеан беназир ва беназираст.

4299750

captcha