Ба гузориши ИҚНО ва ба нақл аз сайти хабарии Ал-Фурат, дафтари Оятуллоҳ Узмо Систонӣ, марҷаи олии динии шиаиён, панҷуми августро аввалин рӯзи моҳи Сафар эълон карда буд. Бар ин асос, рӯзи Арбаин имсол дар Ироқ ба рӯзи ҷумъа, 24-уми август рост омад.
Дар ҳамин шомгоҳ, ҳаромҳои мубораки Имом Ҳусайн (а) ва Ҳазрати Аббос (а), ҳамчунин фосилаи байни ду ҳаром (Байнул-Ҳарамейн), пур аз ҷамъияти сӯгвору ашкрези Ҳусайнӣ буд. Зоирон дар фазои маънавӣ ва саршор аз эҳсос, бо сардору пешвои шаҳидон байъати дубора карданд.
Бино ба ин гузориш, дастаҳои амниятӣ, мудофиаи маданӣ ва ёрии таъҷилӣ, дар нуқтаҳои мухталифи шаҳри Карбало мустақар шуда, амнияти мардум ва дастрасии осон ба ҳаромҳои муқаддасро таъмин намуданд.
4299988