Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз шабакаи ал-Маядин, дар ин баёния омадааст:
Изҳороти Нетанёҳу дар бораи тарҳи «Исроили бузург», нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ аст ва як таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллии кишварҳои арабӣ, истиқлолияти давлатҳо ва сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Дар идома гуфта мешавад:
Суханони нахуствазири режими саҳюнистӣ як хатари мустақим ба амнияти миллии кишварҳои арабӣ, истиқлолияти онҳо ва суботи минтақа ва ҷаҳон аст.
Кишварҳои арабӣ ва исломӣ таъкид карданд, ки барои нигаҳ доштани сулҳ ва дурӣ аз ормонҳои тавсиъа ва истифодаи зӯр, ҳама чораҳоро хоҳанд андешид.
Дар ин баёния ҳамчунин омадааст:
Мо суханони Бетсалел Смутрич, вазири молияи режими саҳюнистиро дар бораи тарҳи шаҳраксозӣ (колонизатсия) ва баёнҳои нажодпарастона ва ифротии ӯ зидди таъсиси давлати Фаластинӣ шадидан маҳкум мекунем.
Мо бори дигар таъкид мекунем, ки комилан ва қатъан зидди кӯчонидани иҷбории мардуми Фаластин бо ҳар шакл ва бо ҳар баҳона ҳастем.
Нетанёҳу ба наздикӣ дар як мусоҳиба бо шабакаи «i24» гуфтааст:
«Ман дар як вазифаи таърихиву маънавӣ қарор дорам ва эҳсос мекунам ки ба ормони “Исроили бузург” вобастаи руҳиву эҳсосӣ ҳастам!»
4300058