Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз рӯзномаи "Ал-Ватан", Ало Абдулмуътӣ ҳокими вилояти Кафарушшейхи Миср дар паёме ба муносибати 103-юмин солгарди мавлуди Шайх Абулъайнин Шуайша, қории шинохтаи мисрӣ, гуфт:
«Шайх Абулъайнин Шуайша мояи ифтихори Миср буд ва ҳамоно боқӣ мондааст. Ӯ яке аз рамзҳои тиловати Қуръон бо садои нуронӣ буд, ки номи ӯ дар таърих ҷовид мондааст».
Ӯ илова кард:
«Шуайша танҳо як қорӣ набуд ӯ худаш як мактаби тиловат буд. Садои шево ва қироати пураз эҳсоси ӯ дар дилҳои мусалмонони тамоми ҷаҳон ҷой гирифт».
Ҳоким Абдулмуътӣ таъкид кард:
«Шуайша фақат ба Миср тааллуқ надошт ӯ бо намояндагӣ аз Миср ва Ислом ба кишварҳои зиёди ҷаҳон сафар кард ва бо таблиғи каломи илоҳӣ ва садои гуворо, беҳтарин сафири Қуръон гардид».
Ӯ ҳамчунин бо ишора ба он ки Шуайша зодаи ҳамин вилоят аст (Кафарушшейх), инро мояи ифтихори худ донист ва аз наслҳои ҷавон хост, ки ин қории бузурги мисриро барои худ улгу қарор диҳанд.
Шояд донистанаш ҷолиб бошад, ки устод Абулъайнин Шуайша дар 12 август соли 1922 дар вилояти Кафарушшейхи Миср ба дунё омада, дар синни 10-солагӣ Қуръонро азёд кардааст. Ӯ рӯзи 23 июни соли 2011 аз олам даргузашт.
4300367