Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз рӯзномаи Ас-Сабоҳ, Лиқоъ Зурфӣ, шаҳрдори қисмати куҳнаи Наҷаф, гуфт:
«Ин маросим яке аз зиёратҳои пуриздиҳом ва миллионӣ дар Ироқ ба шумор меравад, ки бо ҳузури васеи зоирон аз вилоятҳои гуногуни Ироқ ва ҳамчунин кишварҳои арабӣ ва исломӣ баргузор мегардад.»
Ӯ афзуд,
«Бештари анбӯҳи мардум дар гирду атрофи қисмати куҳнаи шаҳр ва Ҳарами муқаддаси Имоми Алӣ (а) ҷамъ меоянд, зеро мусулмонон тибқи суннат, барои ибрози таслият ва эҳтиром ба Паёмбар (с), ба он ҷо рӯ меоранд.»
Зурфӣ таъкид кард:
Шаҳрдорӣ тамоми нерӯҳои худ беш аз 100 корманд ва хизматрасон, инчунин зиёда аз 20 мошини вижаи поксозӣ ва тоза нигоҳ доштани кӯчаҳо ва ҷамъоварии партовҳоро ба кор андохтааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин иқдомот идомаи барномаи муваффақи хидматрасонӣ дар маросими Арбаъини Имоми Ҳусайн (а) аст, ки ахиран анҷом ёфт.
Вай илова кард:
«Дар ин барнома, нерӯҳои иловагӣ аз шаҳрдориҳои дигар шаҳру ноҳияҳо низ барои кӯмак ба шаҳрдории қисмати куҳнаи Наҷаф ҷалб хоҳанд шуд, зеро интизор меравад, ки шумори зоирон хеле зиёд хоҳад буд.»
Зурфӣ дар поён гуфт:
«Ҳамоҳангӣ ва ҳамкории доимӣ бо ниҳодҳои хидматрасон ва амниятӣ дар ҳоли иҷро аст, то ҳаракати мардум ба таври муназзам сурат гирад ва бехтарин хидматҳо ба зоирон пешниҳод шавад.»
4300536