IQNA

Ихлоси ходимони Остони Аббосӣ ба шахсияти муқаддаси Паёмбари Акрам (с) + Аксҳо

12:39 - August 23, 2025
рақами хабар: 3764
Ходимони Ҳарами Ҳазрати Абулфазли Аббос (а) ба муносибати солрӯзи вафоти Расули Худо (с) як маросими ибодатӣ баргузор карданд.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз ал-Кафил, Алии Мамиса, аз масъулони бахши робитаҳои умумии Остони Аббосӣ, гуфт: Ходимони Ҳарами ҳазрати Аббос (а) ҳамарӯзаи душанбеву панҷшанбе маросимҳои ибодатӣ мегузаронанд.

Ӯ афзуд: Маросими рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта, ба муносибати солрӯзи вафоти Паёмбари Акрам (с) ва шаҳодати Имоми Ҳасан Муҷтабо (а) баргузор шуд. Барномаҳо аз қироати оятҳои Қуръон, зиёрати ҳазрати Абулфазли Аббос (а) ва сарояндагии суруди "Нағмаи ифтихор" иборат буданд. Пас аз он, маддоҳон бо хондани шеъру марсияҳо, аз бузургии шахсияти Расулуллоҳ (с) ва зиёдии мусибате, ки ба аҳли байташон (а) расид, ёдовар шуданд.

Остони муқаддаси Аббосӣ ин маросими ибодатиро ба хотири гиромидошти ёди Паёмбари Акрам (с) ва зинда нигоҳ доштани фазилатҳо, илм ва сираи пурбори ӯ ва аҳли байташ (а) баргузор мекунад.

Дар идома, тасвирҳое аз ин маросими маънавӣ оварда шудааст.

4301143

captcha