IQNA

Баргузории конфронси баррасии исломситезӣ дар Испания

12:48 - August 23, 2025
рақами хабар: 3766
Анҷумани марокашии ҳамоҳангсозии муҳоҷирон, ки марказаш дар Испания ҷойгир аст, аз баргузории як конфронси миллӣ бо мавзӯи решакан кардани исломситезӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз вебгоҳи дин пресс, ҳафтумин конфронси миллӣ бо унвони «Решакан кардани исломҳаросӣ», рӯзҳои 21 ва 22 октябр, дар Донишгоҳи Малага баргузор мегардад.

Ин конфронс дар ҳоле барпо мешавад, ки ҳамлаҳо ва таҳдидҳо алайҳи мусалмонон дар Испания рӯ ба афзоиш доранд, шиорҳо ва деворнигорҳои нажодпарастона бештар ба назар мерасанд ва кампанияҳои нафратпароканӣ, махсусан занони мусалмонро ҳадаф қарор медиҳанд.

Анҷумани мазкур дар баёнияи ахираш гуфтааст, ки исломҳаросӣ дар Испания ба як воқеияти ҳаррӯза табдил ёфта, дар рафторҳои иҷтимоӣ ва сохторҳои расмӣ низ инъикос меёбад.

Онҳо ба як қарори ҷанҷолбарангези Шӯрои шаҳри Ҷумила дар минтақаи Мурсия ишора карданд, ки тибқи он баргузории ҷашнҳои мазҳабӣ дар фазои умумӣ маҳдуд карда шудааст. Инро онҳо намунаи равшани исломситезии сохторӣ (институционалӣ) номиданд.

Ин анҷуман баъзе оморҳои нигаронкунанда низ ироа кардааст, ки нишон медиҳанд:

68% мусалмонон гуфтаанд, ҳангоми ҷустуҷӯи манзил бо монеа рӯбарӯ мешаванд,

62% гуфтаанд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ табъиз мебинанд,

59% дар ҷойи кор,

Ва 47% дар бахши тандурустӣ бо табъиз мувоҷеҳ шудаанд.

Ба гуфтаи масъулон, ин омор бо воқеаҳои мушаххасе, ки дар моҳҳои охир рух додаанд, мутобиқат дорад — аз ҷумла: ҳамла ба масоҷид ва дӯконҳо, маҳдудият дар пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ, ва вуҷуди постерҳо ва шиорҳои душманона дар маконҳои умумӣ.

Ташкилкунандагон мегӯянд, ки ҳадафи асосии конфронс:

Таҳлили амиқи падидаи рӯ ба афзоиши исломситезӣ,

Пешниҳоди роҳҳалҳои амалӣ барои мубориза бо он аст.

Онҳо исломҳаросиро як навъи зӯроварии сохторӣ меҳисобанд, ки ба таълимгоҳҳо, муассисаҳои динӣ, тиҷоратӣ ва ҳатто фазои рақамӣ роҳ ёфтааст.

Анҷумани марокашии ҳамоишгарони муҳоҷир таъкид кард, ки мубориза бо ин падидаи нигаронкунанда ниёз ба ҳамоҳангии ҷиддӣ дорад ва бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳо дастаҷамъона фаъолият кунанд.

4301024

captcha