Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз хабаргузории Анадолу, Али Арбош, раиси корҳои динии Туркия, гуфт:
"Қазияи Қудс ва Ғазза танҳо масъалаи Фаластин нест — ин мушкили ҳамаи мусалмонон ва тамомии дунёст."
Ин суханонро ӯ дар рӯзи дуввуми конфронси Ғазза, ки дар Истанбул таҳти унвони «Ғазза — масъулияти исломӣ ва инсонӣ» баргузор шуд, баён дошт. Ин конфронс бо ташаббуси Иттиҳоди ҷаҳонии уламо ва ниҳоди авқофи уламои исломии Туркия барпо гардид.
Арбош гуфт, ҳадафи баргузории ин конфронс ҳамгироӣ ва муттаҳид сохтани ҷаҳони Ислом ва ҷаҳониён алайҳи бедодгариҳо дар Ғазза аст. Ӯ таъкид кард: "Ғазза ва Қудс танҳо мушкили як қавм ё як миллат нест."
Ӯ афзуд:
Ягона роҳи ҳал — муттаҳид шудани уммати Ислом аст, то бо зулму ишғолгарӣ муқовимат кунад. Имрӯз ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, пайравони адёнҳои гуногун, донишмандон, ҳунармандон, варзишгарон ва одамони боинсоф аз тамоми ҷаҳон зидди режими зулмпеша ва террористии Исроил садо баланд кардаанд.
Арбош изҳори боварӣ кард, ки ин мавқеи ҷаҳонӣ алайҳи золимон ба пирӯзӣ мерасад, ва таъкид намуд, ки мубориза барои озодӣ то барқарор шудани сулҳ дар Фаластин идома хоҳад ёфт.
Ӯ афзуд:
"То вақте ки Фаластин озод нашавад, ҳеҷ иқдоме кофӣ нест. Ҳар як дақиқае, ки мо танҳо сухан мегӯем ва маҳкум мекунем, як бегуноҳи дигар дар Ғазза кушта мешавад. Ҳар вокуниши саросемаву ғайривоқеӣ, золимонро барои қатли омҳои бештар далер мекунад."
Арбош гуфт:
"Вақте ки уммати Ислом муттаҳид гардад, на танҳо Ғазза, балки тамоми Фаластин ва тамоми қаламрави исломӣ шоҳиди сулҳ хоҳанд шуд."
Ӯ бо таъкид гуфт:
"Вақте Қудс, Ғазза ва Фаластин озод шаванд, дар минтақа ва ҷаҳон оромӣ ва сулҳ барқарор мегардад. Дар ниҳоят, пирӯзӣ аз они мӯъминон хоҳад буд. Мо аз Худованди Мутаол мехоҳем, ки моро дар роҳи ҳақ устувор нигоҳ дорад ва моро бар золимон ғолиб гардонад."
Аз тарафи дигар, профессор Насруллоҳ Ҳоҷӣ Муфтийоғлу, раиси авқофи уламои исломӣ гуфт:
"Башарият дар Ғазза ба оташ кашида шудааст ва онҳое, ки ин оташро афрӯхтаанд, бояд манъ шаванд."
Ӯ афзуд:
"Уламо дар ин конфронс ҷамъ омаданд, то садои мардуми Ғаззаро ба гӯши ҷаҳон бирасонанд."
Ин конфронс рӯзи ҷумъа оғоз шуда, то санаи 29 августи соли ҷорӣ идома мекунад ва бо қироати баёнияи ниҳоӣ баъд аз намози ҷумъа дар масҷиди Айё София ба поён мерасад.
4301390