IQNA

«ЗАКА» – корхонаи дурӯғпарокании Исроил дар бораи ҷанги Ғазза

15:48 - August 26, 2025
рақами хабар: 3777
Пас аз рӯйдодҳои 7 октябри соли 2023, як созмони исроилӣ бо номи «Зака» ба таблиғот ва паҳн кардани ахбори шармовар ва ғайривоқеӣ дар бораи ҷанги Исроил алайҳи Ғазза пардохт. Ин хабарҳо дар расонаҳои ғарбӣ ба таври васеъ нашр ва такрор шуданд.

Ба гузориши ИҚНО, нақл аз сомонаи IslamWeb, «Зака» як созмони ғайридавлатии ихтиёрии исроилӣ аст, ки аъзои он масъули ҷустуҷӯ ва ҷамъоварии ҷасадҳо дар ҳолатҳои марги ғайритабиӣ мебошанд. Ин созмон худро ҳамчун гурӯҳи тахассусӣ дар бозсозии ҳодисаҳо муаррифӣ мекунад.

Ин тасвир ва муаррифии Зака, ба созмон як чеҳраи қонунӣ ва эътимодбахш дод ва аъзои он дар мавқеи мувофиқ барои мусоҳиба бо расонаҳо дар бораи рӯйдодҳои 7 октябр ва ҷанги Ғазза қарор гирифтанд.

Аъзои Зака ҷасадҳои мардуми фестевали «Нова», кибутсҳо ва деҳаҳоро ҷамъ карданд ва ба рӯзноманигорон ҳикояҳои эҳсосотӣ ва пуршиддат нақл намуданд. Бисёре аз расонаҳои бузург монанди CNN, BBC, Fox News, New York Times ва дигарон, бе санҷиш ба гуфтаҳои онҳо такя карданд.

Масъала дар он аст, ки бисёре аз ин «нақлҳо» асоси воқеӣ надоранд. Аммо бо вуҷуди ин, расонаҳо бидуни ҳеҷ шубҳа онҳоро нашр карданд. Ҳадаф аз ин дурӯғҳо, беэътибор кардани ҳаракати муқовимати исломӣ (Ҳамос) ва ҳамаи мардуми Фаластин буд.

Ин навъи дурӯғпароканӣ қадами аввал барои таҳқиқ кардани амалиёти ғайримутаносиб ва ваҳшиёнаи режими ишғолгар (Исроил) аст, ки Додгоҳи байналмилалии адлия онро “генотсид” (наслкушӣ) донистааст.

Ба расонаҳо гуфта намешавад, ки аъзои ЗАКА бо амниятчиён ва низомиёни Исроил ҳамоҳанганд ва бо меъёрҳои байналмилалии башардӯстона дар ҳолатҳои изтирорӣ кор намекунанд. Онҳо омӯзишҳои тиббӣ ё тибби ҳуқуқӣ (судмедэкспертиза) надошта, фақат нақши таблиғотӣ ва сиёсӣ доранд.

Бо вуҷуди ин, сухангӯи ЗАКА гуфтааст:

«Ривоятҳои мо мисли шаҳодати як духтур ё фаъолони башардӯстонаи байналмилалӣ арзиш дорад».

Баъдтар маълум шуд, ки бештари "шаҳодатҳои" аъзои ЗАКА сохтаанд, ва расонаҳои мустақил дар Амрико ва рӯзноманигорони саҳроӣ дар Исроил инро рад карданд.

Рӯзномаи исроилӣ "Ҳааретс" як силсила дурӯғҳои расонаии ЗАКА-ро бармало кард, ки онҳо гуё Ҳамос дар 7 октябр содир карда бошад. Дар сархати ин ҳикояҳо чунин сарлавҳаҳо буданд:

🔹 «Кӯдакони сӯхта дар гӯшаи девор»
🔹 «Шиками зани ҳомила канда шуда, кӯдакаш бо корд зада шудааст»

Ин ҳикояро Юсӣ Ландау, фармондеҳи ЗАКА дар ҷануби Исроил паҳн кард. Ин "ҳодисаи ваҳшатнок" дар расонаҳои давлативу байналмилалӣ низ такрор шуд. Аммо Ҳааретс, баъдтар масъулияти паҳн кардани ин дурӯғро ба дӯши худи Ландау гузошт.

Ӯ дар назди камераҳо бо калимоти эҳсосотӣ ва ҳаракатҳои ҳисобшуда нақш мебозид, аммо вақте рӯзноманигорон бо сокинони кибутс сӯҳбат карданд, ҳеҷ кас чунин зан ё ҳомиладорро намешинохт. Ҳатто вуҷуди чунин шахсиятро рад карданд.

Рӯзномаи "Ҳааретс" таъкид кард, ки ҳодисаи «кушта шудани модар ва кӯдакаш» ягон бор рух надодааст.

Бинямин Нетаняҳу, сарвазири режими ишғолгар, ҳангоми мулоқот бо гурӯҳҳои ЗАКА дар 23 ноябри соли 2023, онҳоро ба идомаи кори худ ташвиқ кард, зеро ҳузури онҳо барои "қонунӣ нишон додани" ҷанг ва тӯл додани он муҳим арзёбӣ мешавад.

4300527

captcha