IQNA

Конгресси байналмилалии шеъри “Пайғамбари раҳмат (с)” баргузор мешавад

16:59 - August 26, 2025
рақами хабар: 3782
Ба муносибати 1500-солагии мавлуди Расули гиромии Ислом (с), муовинати фарҳангии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон Конгресси байналмилалии шеъри «Пайғамбари раҳмат (с)»-ро баргузор мекунад.

Ба гузориши Иқно (иқтибос аз муовинати фарҳангии созмон), ин конгресс бо мазмун ва меҳварҳои зерин баргузор мешавад:

Шиносондани ҷанбаҳои шахсӣ ва маънавии Пайғамбари Акрам (с)

Ахлоқи нек ва рафтори намунавии Паёмбар (с)

Ваҳдати Уммати Исломӣ дар зиндагӣ ва андешаи Паёмбар (с)

Муқовимат ва пуштибонӣ аз мазлумон дар сирати Паёмбари Акрам (с)

Адолатхоҳӣ ва ҳақталабӣ дар суннат ва сираи ӯ

Ишқ ба Паёмбар (с) – меҳвари ваҳдати исломӣ ва иттиҳоди инсонҳо

Ин чорабинӣ рӯзҳои 24 ва 25 сентябр (баробар бо 3 ва 4 моҳи сентябри тоҷикӣ) дар шаҳрҳои Теҳрон ва Машҳад баргузор мегардад.

Мӯҳлати ниҳоии ирсоли асарҳо барои доварӣ — то 5-уми сентябр (шаҳривар) мебошад.

Шумо метавонед асарҳоятонро ба рақами +989938554785 тавассути пайёмрасонҳои иҷтимоии Эйта (Eitaa) ва Ватсап (WhatsApp) фиристед.

4301762

captcha