IQNA

Намоишгоҳи таърихи хаттотии Қуръон дар осорхонаи Ҳюстони ИМА

15:21 - September 05, 2025
рақами хабар: 3814
Осорхонаи санъати зебои Ҳюстон, воқеъ дар Иёлати Техас, як намоишгоҳи наве кушодааст, ки таърихи чандинасраи хаттотии Қуръони каримро ба тамошобинон пешкаш мекунад.

Ба нақл аз Finebooksmagazine, ин осорхона мизбони як намоишгоҳи нодири дастхатҳои Қуръон аз кишварҳои мухталифи дунёи ислом мебошад. Ин рӯйдод як чорабинии вижа аст, ки раванд ва такомули санъати хаттотии қуръониро дар тӯли таърих нишон медиҳад.

Ин маҷмӯа аз 12 шоҳасари хаттотӣ иборат аст, ки аз асри 7 то 19-умро фаро мегирад. Он раванд ва санъати омода кардани дастхатҳои зебову нодири Қуръонро дар тӯли зиёда аз 1200 сол дар саросари кишварҳои исломӣ ба намоиш мегузорад.

Аз ҷумла ашёи барҷастаи намоишгоҳ инҳоянд:

Як саҳифа аз як нусхаи қадимии Қуръон, ки ба давраи миёнаи асри 7 милодӣ тааллуқ дорад. Ин саҳифа бо хати Ҳиҷозӣ бар рӯи пӯст (чарм) дар Арабистон навишта шудааст ва яке аз куҳантарин нусхаҳои боқимондаи Қуръон ба ҳисоб меравад. Аз ин нусха танҳо чанд саҳифа ва порча боқӣ мондааст.

Як дастнависи ороишёфтаи Қуръон аз Эрон, ки ба соли 1260 ҳиҷрии қамарӣ / 1844–1845 мелодӣ мансуб аст. Ин дастхатро хаттоти маъруф Мир Абдулкарим Муҳаммад Содиқ Ҳусейнӣ Яздӣ бо ранг, обранг ва зар (тилло) дар рӯи коғаз навишта, имзо ва таърихгузорӣ кардааст.

"Нусхаи Музаххаби Сурх 2" (2009) — асари муосири Пӯрон Ҷинчӣ, ки бо ранг бар рӯи коғаз навишта шудааст. Ин асар ба яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои Қуръон — яъне таҷвид, ё хондани дурусти оятҳо таъкид дорад. Он зебоии хаттотиро ба кор мебарад, то таваҷҷуҳи хонандаро аз танҳо маънии зоҳирӣ ба фаҳми амиқтар ҷалб намояд.

Дастнависи "Оятулкурсӣ" (2015) — асари устоди хаттот Ҳоҷӣ Нуриддин, ки бо истифодаи қалами най ва услуби хаттотии чинӣ навишта шудааст. Ин асар таркибе аз услубҳои гуногуни хаттотӣ барои китобати "Оятулкурсӣ"-ро нишон медиҳад.

Ин намоишгоҳ то санаи 28 июни соли 2026 (7-уми тири 1405 ҳиҷрии хуршедӣ) идома меёбад.

Осорхонаи санъати зебои Ҳюстон, ки дар шаҳри Ҳюстони Техас ҷойгир аст, яке аз бузургтарин осорхонаҳои ИМА ба шумор меравад. Дар коллексияи доимии он зиёда аз 80,000 осори таърихӣ аз 6 қитъа, ки беш аз 5000 сол таърих доранд, ҷой дода шудааст. Аз рӯи масоҳати намоишгоҳҳо, он дуюмин осорхонаи бузурги санъат дар қитъаи Амрико мебошад.

Ду сол қабл, бо ифтитоҳи шаш галереяи нав, бахши санъати исломии осорхона тақрибан ду баробар васеъ шуд. Имрӯз дар ин бахш коллексияи калони ашёи бостонӣ аз асри 7 то 19, аз ҷумла дастнависҳо, керамика, зарфҳои филизии ороишшуда ва матоъҳо аз кишварҳои гуногун, аз қабили: Марокаш, Испания, Тунис, Миср, Туркия, Сурия, Эрон, Ироқ, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Ҳинд ба намоиш гузошта шудаанд.

4303161

captcha