Сайид Мустафо Хумайнӣ, фарзанди Рӯҳуллоҳи Хумайнӣ (Муфассир, фақеҳ ва бунён гузори Ҷумҳурии Исломии Эрон) аз ҷумла шахсиятҳое, ки тафсири нотамом бар Қуръони Карим навиштааст. Сайид Мустаф Хумайнӣ, ки аз назари илмӣ ва таҳсилӣ нобға буд, фурсат ёфт дар тафсири худ, ки бо номи “Тафиср-ул-Қуръонил-Карим” ва “Мифтоҳул аҳсанул-Хазони Илоҳия” шинохта мешавад, ба табйини сураи ҳамд ва оёти ибтидоӣ сураи Бақара бипардозад.
Дар бораи нависанда
Сайид Мустафо Хумайнӣ (1309-1356 ш), фарзанди бузурги Имом Хумайнӣ ва аз муҷтаҳидони шиа ва аз муборизини инқилоби Исломии Эрон буд. Ӯ мадориҷи илмиро назди асотиди бузурге ҳамчун Имом Хумайнӣ, Сайид Муҳаммад Муҳаққиқи Домод, Сайид Оятуллоҳи Хуӣ тай кард ва дар синни 27 солагӣ ба дараҷаи иҷтиҳод расид.
Вай барои таҳаққуқи амалии андешаи ҳукумати исломӣ талош кард ва рисолаи “Ислом ва ҳукумат”-ро дар ин замина навишт ва ба мувозоти фарогирии усул ва фиқҳ, ба фарогирии фалсафа, ҳикмат, калом, ирфон, нуҷум, таърих ва тафсир низ пардохт. Аз вижагиҳои илмии Сайид Мустафо, дидгоҳ ва рӯҳияи наққодонаи ӯ дар заминаи улуми исломӣ буд.
Арзиши тафсири Сайид Мустафо Хумайнӣ
Сайид Муҳаммад Мусавии Буҷнурдӣ аз ҳамдарсони Сайид Мустафо Хумайнӣ бар ин бовар аст, ки агар нигориши ин тафсир ба итмом мерасид, дар ҷаҳони ташаюъ беназир буд. Шояд муҳиммтарин вижагии ин асар, ки онро аз соири тафосир мутамоиз мекунад ҷомеъияти он бошад.
Нависанда бо истифода аз қоидаҳое, ки дар улуми гуногун ба исбот расида, ба оёти қуръонӣ пардохт ва онро тафсир кард. Тасаллути нависанда бар улуми гуногун ва тавони вай дар эҷоди иртибот миёни оёт ва улум ба хубӣ машҳӯд аст. Доманаи матолиби тафсир ба андозае аст, ки тафсири сураи Ҳамд ва 46 оят аз сураи Бақара дар қолаби панҷ ҷилд ба интишор расидааст.
Агарчӣ нависанда дар зимни оёт ба баёни мабоҳиси фалсафӣ ва каломӣ ва ба таври кулли мабоҳиси ақлӣ пардохтааст, вале дар айни ҳол ривоят марбут ба ҳар оятро баён карда, баъзе аз онҳоро тавзеҳ медиҳад.
Равиши иҷтиҳодии тафсир
Ба эътиқоди тафсирпажӯҳон, равише, ки Сайид Мустафо Хумайнӣ дар ин тафсир думбол кардааст равиши иҷтиҳодӣ аст ва таҳқиқ ва иҷтиҳод, яке аз мабонии муаллиф дар тафсири Қуръон аст.