IQNA

Ал-Азҳар барномаи мобилии омӯзиши Қуръонро роҳандозӣ кард

2:59 - October 02, 2025
рақами хабар: 3937
Донишгоҳи Ал-Азҳар бо ҳимояти шайх Аҳмад Тайиб, раҳбари олии он ва бо назорати муовини Ал-Азҳар — Муҳаммад Абдурраҳмон Зувайнӣ, як барномаи мобилии омӯзиши Қуръони Карим-ро бо номи «Қории электронии Қуръон» роҳандозӣ кард.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз Нюз Рум, ин барнома аз тарафи бахши марказҳои вобаста ба Ал-Азҳар ва гурӯҳи мутахассисони барномасозӣ таҳия шуда, бо ҳадафи хизмат ба Қуръон ва осон кардани хондани дурусти он барои шогирдон ва омӯзгорон тарҳрезӣ шудааст.

Барномаи «Қории электронӣ» махсусан барои он таҳия шудааст, ки:

Қироати дурусти Қуръонро ба осонӣ омӯзонад

Ба хонандагон ва устодон дар ҳар макон, мутолиаи саҳеҳ ва бо қоидаҳои таҷвид-ро таъмин намояд

Бо садои возеҳ ва равон, хондан ва ҳифз кардани Қуръонро осон кунад

Идораи кулли умури Қуръон дар Ал-Азҳар, ҳамаи ҷанбаҳои фаннии барномаро санҷида, то дақиқии қироат, дурустии мазмун, риояи қоидаҳои таҷвид ва садои саҳеҳ таъмин бошад.

Ин тарҳ дар чаҳорчӯби тааҳҳуди Ал-Азҳар ба истифодаи воситаҳои муосири фанноварӣ дар таълими динӣ роҳандозӣ шудааст, то:

Арзишҳои ростини исломӣ дар ҷомеа бештар ҷойгузин шаванд

Ҳифз ва тиловати Қуръон барои ҳамагон осонтар гардад

Ва дар маҷмуъ, донишҷӯёну устодон дар дохил ва хориҷи Ал-Азҳар аз як абзори муосир ва муассир баҳра баранд

4308001

captcha