IQNA

Маросими анҷомёбии мусобиқаи умумиҷумҳуриявии “Зайн-ул-Асвот” дар Қум

23:37 - October 03, 2025
рақами хабар: 3941
Аввалин даври мусобиқаҳои Қуръонӣ бо номи “Зайн-ул-Асвот” рӯзи панҷшанбе, 10-уми моҳи меҳр, аз тарафи Муассисаи Олибайт (а) дар толори Имом Козим (а) дар маҷмааи фарҳангии Оятуллоҳ Макорим Шерозӣ ба анҷом расид.

Ба гузориши ИҚНО аз шаҳри Қум, маросими анҷоми нахустин даври мусобиқаи Қуръонии “Зин-ул-Асвот” рӯзи панҷшанбе, 10-уми меҳр, бо тиловати Муҳаммадризо Ҳақиқатфар – қории сатҳи байналмилалӣ ва соҳиби ҷойи аввал дар ҳамин мусобиқа — оғоз ёфт. Дар ин чорабинӣ Оятуллоҳ Саййидҷавод Шаҳрестонӣ, намояндаи Оятуллоҳ Систонӣ дар Эрон, Оятуллоҳ Алӣризо Аърофӣ — роҳбари ҳавзаҳои илмии кишвар ва Оятуллоҳ Саййид Ҳошим Ҳусейнӣ Бушеҳрӣ — имомхатиби шаҳри Қум ҳузур доштанд.

Дар ҳамин маросим, ғайр аз қадрдонии ғолибони ин даври мусобиқа, ҳамзамон аз чил соли фаъолиятҳои Қуръонии Ҳаҷҷатулислом валмуслимин Саййидмаҳдӣ Хомӯшӣ — раиси созмони авқоф ва умури хайрияи Эрон ва раиси пешини Созмони таблиғоти исломӣ — бо эҳтиром ёдоварӣ ва қадрдонӣ карда шуд.

Ин маросим ҳамзамон ба таври зинда тавассути шабакаи Қуръон ва маъорифи телевизиони Эрон, шабакаи вилояти Қум ва инчунин баъзе шабакаҳои маҷозӣ ва интернетӣ барои мухлисони умум пахш шуд.

Маросими ифтитоҳи ин мусобиқа рӯзи 9-уми меҳр соати 14:00 дар маҷмааи Ёварони Маҳдӣ (аҷ) дар Ҷамкарон баргузор шуд, ки онро Ғуломризо Аҳмадӣ роҳбарӣ карда, бо тиловати Саййидмуҳаммад Ҳусейнӣпур оғоз ёфт. Мусобиқаҳо дар ду толори ҷудогона баргузор шуданд — як толор барои қисмати “Қироати таҳқиқ”-и калонсолон ва дигаре барои “Қироати наврасон ва мусобиқаи муқоисавӣ”.

Ин мусобиқа ба таври махсус барои се гурӯҳ — хонандагони мактаб, донишҷӯён ва толибилмони исломии тамоми кишвар баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки нахустин даври мусобиқаи умумиҷумҳуриявии Қуръонии “Зайн-ул-Асвот” бо ташаббуси Маркази корҳои Қуръонии Муассисаи Олибайт (а) ва бо пуштибонии маънавии Ҳаҷҷатулислом валмуслимин Саййидҷавод Шаҳристонӣ — намояндаи Оятуллоҳ Узмо Систонӣ — ва бо ҳамкории якчанд муассисаи фарҳангӣ ва Қуръонии кишвар баргузор гардид.

4308324

captcha