Ба гузориши хабарнигори ИҚНО, рӯзи панҷшанбеи 10-уми моҳи Маҳр соли 1404 ҳиҷрии хуршедӣ, маросими хотимавии аввалин мусобиқаи “Зайн-ул-Асвот” дар толори ҳамоишҳои муассисаи Имоми Козим (а) дар шаҳри Қум баргузор шуд. Ин чорабинӣ бо иштироки чеҳраҳои маъруфи қуръонии кишвар ва қадрдонии беҳтаринҳо дар мусобиқа, сурат гирифт.
Аз субҳи барвақт, ҷавонону наврасони қории Қуръон, ки аз гӯшаву канори Эрон ба Қум омада буданд, фазои толорро пур аз шӯр ва ҳаяҷон карда буданд.
Бар асоси омор, дар ин мусобиқа беш аз 1500 нафар қориёни ҷавон ва наврас аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок карда буданд, ки аз байни онҳо 94 нафар ба марҳилаи ниҳоӣ дар шаҳри Қум роҳ ёфтанд.
Тибқи иттилои котиботи мусобиқа, тамоми тиловатҳо бо сифати баланди садо сабт шуда, ба воситаи сомонаҳои ахбории муассисаи Оли Байт (а) барои дӯстдорони Қуръон дастрас хоҳанд шуд.
Ин мусобиқа бо пуштибонии маънавии Ҳоҷӣ Ҳусайн Сайидҷавод Шаҳристонӣ, намояндаи Оятуллоҳи Узмо Систонӣ, баргузор гардид.
Муҳаммадалӣ Исломӣ, раҳбари муассисаи Оли Байт (а), дар бораи барномаҳои оянда гуфт:
«Мақсад ин аст, ки ин мусобиқа танҳо дар сатҳи миллӣ намонад. Мо ният дорем, ки баъди анҷоми даври кунунӣ, бахши байналмилалии онро низ ба таври ҷиддӣ роҳандозӣ кунем.»
Ин ҳадафи байналмилалӣ нишонаи азми қавии ташкилкунандагон барои рушди васеи ин чорабинии қуръонӣ мебошад.
Маросими хотимавии аввалин мусобиқаи “Зайн-ул-Асвот” бо қадрдонӣ аз беҳтарин тиловатгарони Қуръони Карим, иштирок ва суханрониҳои чеҳраҳои маъруфи Қуръонӣ, барномаи телевизионии "Маҳфил" ва тиловати муассири устод Карим Мансурӣ, сурат гирифт.
Гузаронидани мусобиқа дар шаҳри муқаддаси Қум, дар канори ҳарами Ҳазрати Масъума (с), ба шукӯҳ ва фазои рӯҳонии ин чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.
4308379