IQNA

Вокунишҳо ба розигии Ҳамос бо оташбас: "Сулҳ бо таҳдид имкон надорад"

1:23 - October 05, 2025
рақами хабар: 3948
Посухи шартии Ҳамос ба пешниҳоди Доналд Трамп барои оташбас дар Ғазза, боиси вокунишҳои зиёди кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ шуд. Дар ҳамин ҳол, Ансоруллоҳи Яман гуфт, ки ин вокуниши Ҳамос "воқеӣ, амалишаванда ва чандҷониба" аст.

Ба гузориши ИҚНО, Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, посухи шартии Ҳамосро ба пешниҳоди Доналд Трамп, президенти Амрико, дар мавриди Ғазза “умедбахш” хонда ва аз он истиқбол кардааст.

Стефан Дюжарик, сухангӯи СММ, гуфт:

"Дабири кулл аз баёнияи Ҳамос, ки омодагии худро барои озод кардани гаравгонон ва музокирот дар асоси пешниҳоди ахири Трамп изҳор кардааст, истиқбол намуд. Ӯ аз тамоми тарафҳо даъват мекунад, ки аз фурсати ба миёномада барои поён додан ба ин ҷанги пурдард дар Ғазза истифода баранд."

Вай афзуд, ки дабири кул аз Қатар ва Миср низ барои талошҳояшон дар масъалаи миёнравӣ тақдир мекунад.

Сухангӯи СММ ҳамчунин изҳор дошт:

"Гутерриш борҳо таъкид кардааст, ки барои оташбаси фаврӣ ва доимӣ, озодии бидуни шарт ва фаврии ҳамаи гаравгонон, ва дастрасии комил ва бемаҳдуд ба кӯмакҳои башардӯстона, бояд тамоми тарафҳо талош кунанд."

СММ гуфт, ки тамоми кӯшишҳоеро, ки ба хотири коҳиши ранҷи мардуми Ғазза сурат мегирад, пуштибонӣ хоҳад кард.

Ҳаракати Ҷиҳодул Исломии Фаластин низ дар бораи посухи Ҳамос ба пешниҳоди Трамп вокуниш нишон дод.

Ба гузориши ал-Масира, ин ҳаракат гуфт:

"Посухи Ҳамос, муҷассамаи мавқеи устувор ва қавии тамоми гурӯҳҳои муқовимати Фаластин аст."

Баъд аз изҳороти расмии Ҳамос, ки принсипҳои умумии пешниҳоди Трамп-ро барои поён додан ба ҷанг қабул кардааст, вокунишҳои мусбат аз кишварҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба вуҷуд омадааст.

Як узви аршади гурӯҳи Ансоруллоҳи Яман низ бо вокуниш ба мавқеи Ҳамос гуфт:

"Ин вокуниш масъулиятшиносона ва воқеӣ аст."

Вай таъкид кард, ки ин тарҳ беғараз нест ва бештар дар ростои таҳмили талаботи режими саҳюнистӣ қарор дорад.

"Сулҳро бо таҳдид намешавад ба даст овард."

4308596

captcha