IQNA

Тунелҳои гирди Масҷиди Алақсо: Ҳуҷуми беистани Исроил барои тағйири ҳувияти Қудс + Видео

2:29 - October 05, 2025
рақами хабар: 3951
Тасвирҳои нав аз гирду атрофи Масҷиди Алақсо нишон медиҳанд, ки Исроил бо баҳонаи кофтуковҳои бостоншиносӣ ба кандан ва ҳафри тунел идома дода истодааст, то исбот кунад, ки шаҳри Қудс ҳазорон сол боз ба яҳудиён тааллуқ доштааст.

Ин кофтуковҳо бе ягон усули илмӣ ва бар хилофи қонунҳои мавҷуда сурат мегиранд ва нишон медиҳанд, ки ин корҳо ҳамааш бо ҳадафҳои сиёсӣ анҷом мешаванд.
Ба гузориши ИҚНО аз Алҷазира, тунели бо номи "Роҳи зоирин", ки ахиран аз тарафи сарвазири режими саҳюнистӣ Бинёмин Натанёҳу ва бо ширкати Марко Рубио — вазири умури хориҷии Амрико — ифтитоҳ шуд, танҳо якто аз даҳҳо тунелест, ки Исроил дар Қудс ва зери Масҷиди Алақсо канда истодааст.
Дар ҳоле ки ҷаҳон даргири қатли ом дар Ғазза аст, режими ишғолгар ҳафриётро дар Қудс шадидтар карда, ҳамзамон вазирони тундраваш ҳар рӯз бештар ба Масҷиди Алақсо ҳамла мекунанд ва пайваста барои вайрон кардани он ва сохтани маъбади нав ба ҷояш, талош доранд.
Наздик ба ин рӯзҳо, Зуи Сокут — намояндаи тундрави порлумон аз ҳизби "Саҳюнизми мазҳабӣ", парчами Исроилро дар дохили Масҷиди Алақсо бардошт, ва Бетсалел Смутрич — вазири молия — гуфт, ки мехоҳад маъбаде ба ҷои Масҷид бисозад ва омодагӣ додааст, ки пули ин корро ҳам диҳад.
Ин амалҳо боис ба нигаронии ҷиддӣ шудаанд, ки шояд Исроил мехоҳад ё худи масҷидро якбора вайрон кунад, ё бо тунелканӣ пояҳои онро суст намуда, онро фурӯ резонад.
Абдурразоқ Матонӣ, таҳқиқотчии соҳаи ҳувияти арабӣ ва бостоншиносии Фаластин мегӯяд, ки ин тунел нав нест, балки як қисмати шабакаи васеъи тунелҳоест, ки Исроил чандин сол боз меканад.
Ӯ шарҳ медиҳад, ки ифтитоҳи ин тунел ҳамзамон бо баргузор шудани нишасти Арабӣ-Исломӣ дар Доҳа буд, ки дар он таҷовузи Исроил ба Қатар муҳокима мешуд. Ин кор паёми сиёсие буд аз тарафи Натанёҳу ва Амрико, ки нишон диҳанд баҳс аслан дар бораи Қудс аст ва онҳо ҳуқуқи соҳибӣ ба Масҷиди Алақсо доранд.
Вай мегӯяд, ин корҳоро наметавон ҳамчун бостоншиносӣ донист, чун кофтуковҳои илмии воқеӣ бояд аз боло ба поён ва ба таври қатъӣ сурат гиранд, вале Исроил биноҳои таърихиро вайрон мекунад ва симои ҷойро мувофиқи эътиқоди худ иваз мекунад.
Фаластиниҳо бар асоси қатъномаҳои байналмилалӣ ишғоли Қудс аз тарафи Исроил дар соли 1967 ва ё илова кардани он дар соли 1980-ро намепазиранд ва Қудси Шарқиро пойтахти давлати ояндаи худ медонанд.

код

4308656

captcha