IQNA

Ҳуҷҷатул ислом вал муслимин Акбар Рошидиниё:

Аввалин ҳамоиши миллии улуми исломӣ ва инсонӣ-диҷиталӣ дар шаҳри Қум баргузор мешавад

2:30 - October 05, 2025
рақами хабар: 3952
Раиси пажӯҳишгоҳи улуми исломӣ ва инсонӣ-диҷиталӣ хабар дод, ки рӯзи 17-уми моҳи меҳр аввалин ҳамоиши миллии улуми исломии диҷиталӣ дар шаҳри муқаддаси Қум баргузор мешавад.

Ба гузориши хабарнигори ИҚНО, ҳуҷҷатул ислом вал муслимин Акбар Рошидиниё, дабири илмии ҳамоиш ва раиси пажӯҳишгоҳи улуми исломӣ ва инсонӣ-диҷиталӣ, имрӯз — рӯзи шанбе, 12-уми Меҳр, дар суҳбат бо расонаҳо изҳор дошт:

«Чӣ тавре ки абзорҳои навин соҳоти тиб ва нуҷумро дигаргун карданд, улуми исломӣ ва инсонӣ низ бояд аз фанновариҳои нав истифода баранд. Агар ин бахш худро аз технология ҷудо кунад, ба ҳамон тақдире дучор мешавад, ки тибби суннатӣ дучор шуд.»

Раиси пажӯҳишгоҳи улуми исломӣ ва инсонӣ-диҷиталӣ Нур афзуд:

«Маркази таҳқиқоти компютерии улуми исломӣ (Нур) хуб дарк кард, ки ин зарурат ҳаст. Барои ҳамин соли 1403 (баробар бо 2024) бо иҷозати Шӯрои Олии Ҳавзаҳои илмӣ, пажӯҳишгоҳе таъсис дод, ки ҳадафаш пешбурди пажӯҳишҳои байнисоҳаӣ ва тарбияи мутахассисоне бошад, ки ҳам бо матнҳои исломӣ ва ҳам бо фанновариҳои нав ошноӣ доранд.»

Ин устоди Ҳавза ва донишгоҳ ҳамчунин гуфт:

«Дар кишварҳои Ғарб зиёда аз 50 сол аст, ки улуми инсонӣ-диҷиталӣ рушд мекунад ва беш аз як даҳсола аст, ки улуми исломии диҷиталӣ низ ривоҷ ёфтааст. Агар мо ба замон нарасем, маҷбур мешавем, танҳо масрафкунандаи дастовардҳои Ғарб бо дидгоҳи худи онҳо бошем.»

Ҳуҷҷатул ислом вал муслимин Рошидиниё дар бораи ҳадафи ҳамоиш гуфт:

«Мақсади асосӣ ин аст, ки як ҳаракати миллӣ ва исломиро дар соҳаи таҳқиқоти диҷиталӣ оғоз кунем, то марказҳои илмии кишвар дар ин арса бо ҳам ҳамоҳанг ва ҳамкор шаванд.»

Ҳуҷҷатул ислом Рошидиниё гуфт, ин ҳамоиши миллӣ рӯзи панҷшанбе, 17-уми моҳи меҳр, соати 8:30 саҳар, дар Толори ҳамоишҳои Донишгоҳи Маорифи Исломӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Ҷумҳурии Исломӣ, шаҳри Қум баргузор мешавад.

Дар он шахсиятҳои маъруф иштирок мекунанд, аз ҷумла:

Ҳуҷҷатул ислом вал муслимин Аҳмад Воизӣ — раиси Дафтари таблиғоти исломӣ,

Ҳуҷҷатул ислом вал муслимин Абдулҳусайн Хусравпаноҳ — дабири Шӯрои Олии Инқилоби Фарҳангӣ,

Сайид Муҳаммадамин Оқомирӣ — дабири Шӯрои Олии Фазои маҷозӣ.

Ҳуҷҷатул ислом Рошидиниё гуфт, дар моҳи Морди соли 1404 (тақрибан августи 2025) даъватнома барои мақолаҳо дар чор меҳвари асосӣ эълон шудааст:

Мабонии назариявии улуми исломӣ ва инсонӣ-диҷиталӣ

Осор ва натиҷаҳои назарӣ ва амалии ин илмҳо

Зеҳни сунъӣ ва робитаи он бо улуми исломӣ ва инсонӣ-диҷиталӣ

Пажӯҳишҳои маҷмӯавӣ дар ин замина

Ӯ афзуд, дар канори ҳамоиш як намоишгоҳ ҳам баргузор мешавад, ки марказҳои илмӣ тавонанд дастовардҳои худро ба мардум муаррифӣ кунанд.

4308646

captcha