Тибқи иттилоъи хабаргузории ИҚНО, ин мусобиқа дар фасли тирамоҳ, аз 23 то 26-уми моҳи меҳр (мувофиқ ба 15–18 октябр) баргузор хоҳад шуд.
Исҳоқ Абдуллоҳӣ, қории маъруф аз вилояти Қум ва қории доимии ҳароми ҳазрати Маъсума (с) ва масҷиди Ҷамкарон, аз тарафи кумитаи ирсол ва даъвати қориён барои иштирок дар ин рақобати ҷаҳонӣ интихоб шудааст.
Ӯ соли гузашта дар қисмати овоӣ (овозхонӣ) дар чилу ҳафтумин даври мусобиқаҳои умумимиллии Қуръони Карим, ки аз тарафи Созмони авқоф ва корҳои хайрияи Эрон дар моҳи озари соли 1403 дар шаҳри Табрез баргузор шуда буд, ҷойи панҷумро дар бахши қироати таҳқиқи мардон ба даст овард.
Исҳоқ Абдуллоҳӣ ҳамзамон омӯзгори Қуръон буда, ғолиби ҷойи аввал дар мусобиқаҳои миллии Басиҷ ва Ҳилоли Аҳмар низ мебошад. Аз дигар дастовардҳои ин қории ҷавон, метавон гуфт, ки ӯ ҳамчун намояндаи Ҳарами ҳазрати Маъсума (с) дар сеюмин даври мусобиқаи байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони Карим – ҷоизаи Карбало ҷойи чорумро дар бахши қироати таҳқиқ ба даст овардааст.
Дар чорабинии имсола, Эрон танҳо як намоянда дар бахши қироати Қуръони Карим хоҳад дошт.
4308981