Тибқи гузориши ИҚНО ба нақл аз нашрияи "Ал-Халиҷ", Бунёди Қуръон ва Суннати Шорҷа маросими хотимавии даври дуввуми давраҳои ҳифзи Қуръони Карим барои соли 2024-ро баргузор намуд. Дар ин чорабинӣ Султон Матер бин Далмук Ал-Кутбӣ, раиси шӯрои мудирони бунёд; Умар Алӣ Шамсӣ, мудири бунёд; доктор Абдуллоҳ Халаф Ҳасаний, котиби кулли Академияи Қуръони Карими Шорҷа ва як қатор шахсиятҳои мазҳабии Аморот, инчунин волидайн ва наздикони ҳофизон иштирок доштанд.
Дар ин маросим аз 95 нафар ҳофизи Қуръон, ки 66 мард ва 29 занро ташкил медоданд ва ҳамаашон аз шогирдони бунёд буданд, барои талошҳои пайваста ва ҷиддии онҳо дар роҳи ҳифзи Қуръони Карим, қадрдонӣ ба амал оварда шуд.
Ҷоизаи Шорҷа дар чорчӯби ҳадафҳои ин бунёд дода мешавад, ки мақсадаш тарбия кардани насли олимон ва муаллимони Қуръон аст, ки ҳифзи Қуръонро бо ахлоқи ҳамида якҷо карда, дар таҳкими ҳувияти диниву фарҳангии ҷомеаи Аморот саҳм мегиранд. Ин ҷоиза инчунин нимнигоҳи Шорҷаро ҳамчун маркази дониш ва имон ва як пойгоҳи ҷаҳонии хидмат ба Қуръони Карим ба намоиш мегузорад.
Маросим бо сароида шудани суруди миллии Иморати Муттаҳидаи Араб оғоз ёфт ва баъд аз он, қироати таъсирбахши яке аз шогирдони барҷаста ироа шуд. Сипас як навори видеоӣ нишон дода шуд, ки раванд ва дастовардҳои ҷоизаро аз рӯзи аввал то ба ҳол нишон медод ва нақши муҳими давраҳои ҳифзи Қуръони бунёдро дар тамоми минтақаи Шорҷа ба равшанӣ меовард.
Султон Ал-Кутбӣ, раиси шӯрои мудирони бунёд, дар суханронии худ гуфт:
«Имрӯз мо ҳама дар назди як шарафи бузург қарор дорем — қадрдонии фарзандони нобиғаи мо, писарону духтароне, ки Худо онҳоро барои ҳифзи Китоби Муқаддас интихоб кардааст. Ман ба онҳо барои дарёфти ин ҷоизаи баланд ва нодир табрик мегӯям. Онҳо тавассути Қуръон ба манзалати олӣ расиданд ва бо ин мақоми баланд аз ҷониби Худованд барҷаста гардида, намунаи ибрат шуданд.»
Маросим бо қадршиносии ниҳоии 95 ҳофизи беҳтарин мард ва зан ба поён расид.
4309072