IQNA

Ҳизбуллоҳи Лубнон аз мавқеи Ҳамос нисбат ба нақшаи Трамп пуштибонӣ кард

2:05 - October 07, 2025
рақами хабар: 3962
Ҳизбуллоҳи Лубнон бо нашри як баёния эълон кард, ки аз мавқеи Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос дар робита ба нақшаи пешниҳодкардаи президенти Амрико барои қатъи ҷанг дар Ғазза пуштибонӣ мекунад.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз шабакаи ал-Манор, Ҳизбуллоҳ дар ин баёнияи худ ба нақшаи Трамп оид ба Ғазза вокуниш нишон додааст.

Дар баёния омадааст:

Ҳизбуллоҳ аз мавқеи ҷунбиши Ҳамос, ки бо ҳамоҳангии дигар гурӯҳҳои муқовимати Фаластин дар баробари нақшаи Трамп барои қатъи ҷанги Исроил алайҳи Ғазза қабул шудааст, пуштибонӣ мекунад ва онро тасдиқ менамояд.

Ҳизбуллоҳ таъкид мекунад, ки ин мавқеъ реша дар як ӯҳдадории амиқ барои хотима додан ба таҷовузи ваҳшиёнаи Исроил ба мардуми мо дар Навори Ғазза дошта, ҳамзамон пайванд ба усули муборизаи фаластиниҳо дорад ва ҳеҷ гуна даст кашидан аз ҳуқуқи миллатро дарбар намегирад.

Ҳизбуллоҳ гуфт:

Ин мавқеъ нишон медиҳад, ки Ҳамос ва тамоми гурӯҳҳои муқовимат ба ваҳдати миллати Фаластин содиқанд, ва тасмимҳои миллӣ бояд асоси гуфтугӯҳои оянда бошанд.

Ҳизбуллоҳ дар баёнияи худ ҳамчунин таъкид кард:

Ин музокирот бояд ба он оварда расонад, ки душман аз тамоми Навори Ғазза ақибнишинӣ кунад, иҷозат дода нашавад, ки мардуми он иҷборан кӯчонда шаванд, ва фаластиниҳо битавонанд бо ихтиёри худ ва бе дахолати хориҷӣ масоили сиёсӣ, амниятӣ ва рӯзгори худро идора кунанд.

Дар поёни баёния, Ҳизбуллоҳ хитоб ба кишварҳои арабӣ ва исломӣ гуфт:

Мо аз ҳамаи давлатҳои арабӣ ва исломӣ даъват мекунем, ки дар паҳлуи мардуми Фаластин, мавқеи Ҳамос ва дигар гурӯҳҳои муқовимат биистанд ва онҳоро дар ҳамаи сатҳҳо ҳимоят кунанд — барои қатъи таҷовузи Исроил дар Ғазза ва Каронаи Бохтари, ҷилавгирӣ аз кӯчондани мардум, барқарорсозии Навори Ғазза ва баргардондани тамоми ҳуқуқҳои қонунии миллати Фаластин.

4308995

captcha