IQNA

Хештеги «Туфони Ал-Ақсо» дар садри шабакаҳои иҷтимоӣ

21:20 - October 07, 2025
рақами хабар: 3964
Имрӯз, 7-уми октябр, ҳамзамон бо солгарди оғози амалиёти «Туфони Ал-Ақсо», корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри постҳо ёди шаҳидон ва муқовиматро гиромӣ доштанд.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз сомонаи «Арабӣ 21», имрӯз сешанбе, 15-уми моҳи меҳр (7-уми октябр), дуюмин солгарди амалиёти “Туфони Ал-Ақсо” аст — амалиёте, ки рӯзи 7-уми октябри соли 2023 аз ҷониби нерӯҳои муқовимати Фаластин алайҳи ишғолгарон анҷом шуд ва ба як нуқтаи муҳим ва таърихӣ дар минтақа ва ҷаҳон табдил ёфт.

Дар ин рӯз, нависандагон, таҳқиқгарон, рӯзноманигорон, коршиносони расона ва фаъолон, видеоҳо аз амалиёт ва суратҳои раҳбарони шаҳиди муқовимат-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.

Ҳештеги «Туфони Ал-Ақсо» бо ҳазорон пост дар бораи гиромидошти ин амалиёт, дар садри платформаи “X” (Twitter пешин) қарор гирифт.

Баъзе аз корбарон, таваҷҷуҳи бештар ба мавқеи кишварҳои арабӣ дар баробари ин амалиёт доштанд, бахусус вақте муқоиса мешуд бо эътирозҳо ва ҳамраъйиҳои пайваста дар кишварҳои ғарбӣ бо мардуми Ғазза.

Чанд иқтибос аз постҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ:

«Ҳақиқат ҳаргиз бо шумора, қудрат ё омор пирӯз намешавад; балки бо мардуме, ки барои он меҷанганд ва Худо онҳоро бо пирӯзӣ ё шаҳодат сарифароз мекунад…»

«#Туфони_Алақсо рӯзи 7-уми октябр на оғози як ҳаракат буд, балки поёни сукут буд!»

«#Туфони_Алақсо сабрро ба муқовимат, дардро ба хашм ва имонро ба амал табдил дод…»

«Дар солгарди Туфони Алақсо:
#Туфони_Алақсо як такони равонӣ барои миллатест, ки боре гарон ба дӯш дорад ва аз шикастҳо рӯй намегардонад. Худо раҳмати худро бар шаҳидон фиристонад.»

«Аз соли 1948 то имрӯз, ҳеҷ кас масъалаи Фаластинро ба таври ҷиддӣ напазируфта буд. Аммо Туфони Алақсо маҷбур кард, ки кишварҳо ба масъалаи фаромӯшшудаи Фаластин таваҷҷуҳ кунанд — воқеияте, ки бояд амалӣ шавад.»

«Дар ҳамин рӯз, 7-уми октябр, ҳиммати Туфони Алақсо оғоз ёфт ва ифтихору шарафро ба ҷаҳони Араб ва Ислом баргардонд.»

«Рӯзе ки хоҳӣ ё нахоҳӣ, ҳамчун рамзи ифтихор аз насл ба насл интиқол меёбад.
#Туфони_Алақсо #7_Октябр #Муқовимати_Фаластин»

«7-уми октябр, рӯзи таърихии мост — ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.»

«7-уми октябр беҳтарин рӯзе буд, ки офтоби таърих бар он тулӯъ кард.»

4309325

captcha