Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз сомонаи «Ал-Явм ас-собеъ», саҳифаи расмии Фейсбуки ӯ бо як паёми эҳсосӣ хабар дод:
«Бо диле пур аз имон ва таслим ба иродаи Худованд, даргузашти донишманди бузург ва асили исломӣ, доктор Аҳмад Умар Ҳошимро ба ҷаҳони Араб ва Ислом, дӯстдорону шогирдонаш таслият мегӯем. Аз Худо мехоҳем, ки ӯро ба дараҷаҳои баланд бирасонад ва манзили ҷовидонаашро дар биҳишти барин қарор диҳад. Ба мо ва бозмондагонаш сабру тасалло ато фармояд.»
Маросими ҷаноза
Қарор аст намози ҷаноза пас аз намози зуҳри имрӯз дар масҷиди ҷомеи Ал-Азҳар баргузор шавад. Пас аз намози аср, ҷасади эшон ба оромгоҳи хонаводаашон дар майдони Ҳошимия, воқеъ дар деҳаи Бани Умар, маркази Зақозиқ, вилояти Шарқия интиқол дода мешавад.
Зиндагинома ва фаъолиятҳои илмии доктор Аҳмад Умар Ҳошим
Таваллуд: 6 феврали соли 1941.
Таҳсилот: Дар соли 1961 аз факултети Усулуддини Донишгоҳи Ал-Азҳар хатм кард.
Дар соли 1967 иҷозанома (иҷоза дар таълим) гирифт ва ба ҳайси муовини устод дар бахши ҳадис таъин шуд.
Соли 1969 — магистр дар илми ҳадис,
Баъд аз он — докторо дар ҳамин ришта.
Соли 1983 — ба унвони устоди расмии илми ҳадис расид.
Соли 1987 — раиси факултаи Усулуддин дар шаҳри Заказиқ таъин гардид.
Соли 1995 — ба раёсати Донишгоҳи Ал-Азҳар расид.
Мансабҳои сиёсӣ ва расмӣ
Узви Маҷлиси халқии Миср, бо фармони Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури вақти Миср.
Узви дафтари сиёсӣ дар Ҳизби демократии миллӣ.
Узви Шӯрои машваратӣ (Маҷлиси Шуро).
Узви шӯрои назоратии радиову телевизиони Миср ва раиси комиссияи барномаҳои мазҳабӣ дар телевизиони миллӣ.
Мероси илмии доктор Аҳмад Умар Ҳошим
Доктор Ҳошим таълифот, таҳқиқот ва иштирокҳои густарда дар конфронсҳои байналмилалии исломӣ ва илмӣ дошт. Мақолаҳои ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ ва академӣ нашр мешуданд.
Вай яке аз шахсиятҳои асосӣ дар илми ҳадис ва суннати Паёмбари Ислом (с) буд ва мероси илмии арзишмандеро бо худ боқӣ гузошт.
Дар солҳои 2012 / 1433 ҳиҷрии қамарӣ, бо эҳёи Шӯрои уламои бузурги Ал-Азҳар, доктор Ҳошим ба унвони узви аввалини он шӯро интихоб шуд.
Паёми таслияти шайхул-Азҳар
Аҳмад Тайиб, шайхи бузурги Ал-Азҳар, дар паёми таслияташ гуфт:
«Доктор Аҳмад Умар Ҳошим яке аз уламо ва шахсиятҳои ростин ва воқеии Ал-Азҳар буд ва аз барҷастатарин муҳаддисони (шиносони илми ҳадис) замони мо ба ҳисоб мерафт.»
Шайхи Ал-Азҳар инчунин таслияти самимии худро ба хонавода, дӯстон, шогирдон ва дӯстдорони эшон иброз дошта, аз Худованди Мутаол мехоҳад, ки марҳумро дар сояи раҳмат ва баракати хеш қарор диҳад.
4309319