IQNA

Шавқи ҷавони фаластинӣ аз саломат мондани Қуръон зери харобаҳои Ғазза + филм

13:25 - October 17, 2025
рақами хабар: 3995
Холид Султон, як ҷавони фаластинӣ, дар миёни харобаҳои хонааш, ки аз ҷониби нерӯҳои ишғолгари режими саҳюнистӣ ба хок яксон шуда буд, як нусхаи солими Қуръони Каримро пайдо кард.

Ба гузориши ИҚНО, рӯзномаи "Ал-Ватан" дар бораи ин рӯйдод чунин навиштааст: Холид Султон — ҷавоне аз Фаластин — бо чашмоне пур аз эҳсосот, ки хурсандӣ, ғам ва каме тарс дар онҳо омехта буд, ба сӯи харобаҳои хонае рафт, ки гоҳе хонаю оромишгоҳ ва гаҳе макони ёдгориҳои ширини кӯдакиаш буд. Ин хона бо зулму ваҳшонияти нерӯҳои ишғолгар ба хок яксон шуда буд.

Пойҳояш зери чӯбу сангҳои фурӯрафта кашол мехӯрданд, вале чашмонаш дунболи як пора аз хотираҳои кӯдакӣ, шабҳои гарм бо аҳли хонадон ва гӯшаҳои маҳбуби утоқи кӯдаконааш мегаштанд. Ногаҳон — ба гуфти худаш — аз ҷониби Худо ба дилаш як паёми рӯҳбахш расид.

"فَاسْتَبْشِرُوا بِبَيْعِكُمُ الَّذِي بَايَعْتُمْ بِهِ وَذَٰلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ

— Пас шод бошед аз ин хариду фурӯше, ки бо Худо кардед, ва ин аст пирӯзии бузург."
(Сураи Тавба, ояти 111)

Ин оятро Холид аз миёни саҳифаҳои Қуръони Кариме, ки зери харобаҳо бетағйир монда буд, қироат кард.

Ба гуфтаи ӯ, ин як паёми илоҳӣ буд, ки ӯро мутмаин месохт — фидокориҳое, ки мардумаш барои ватан ва наздиконашон карданд, бефоида набудаанд. Балки ин ҳама роҳест ба сӯи пирӯзии ҳақиқӣ. Ин калимаҳо ба қалби Холид, ки миёни вайронаҳои ҷангҳои дусолаи Ғазза ба дунболи як қатра умед мегашт, амиқ таъсир гузоштанд.

Дар тавсифи хонааш, ки акнун танҳо хоки хок буд, гуфт:
"Хонаи мо вайрон шудааст... вале ноумед нестам."

Вай ба деворҳои нимафтидаи хона нигоҳ карда, бо дили пур аз шукр даст ба осмон бардошт ва гуфт:
"Эй Худо, ин хона — хонаи мост. Парвардигоро, шукр! Бовар намекунам боз ба хонаам омадаам. Хонаи мо дар шимоли навори Ғазза хароб шудааст, вале ман аз бозгашт ба он бисёр хушҳолам. Барои ман, ин хона беҳтар аз тамоми қасрҳои дунёст."

код

4310693

captcha