Рӯзи шанбе 26-уми моҳи меҳр, Зубайда Тойсирт вазири фарҳанги Тайланд пеш аз он ки маҷмааи нави Осорхонаи мероси фарҳанги исломӣ ва маркази омӯзиши Қуръон расман ифтитоҳ шавад, аз он дидан кард.

Ба гузориши ИҚНО аз Тайланд, Зубайда Тойсирт дар ин боздид, ҳамроҳ бо Амин Майусо муовини вазири кишоварзӣ ва намояндагони маҳаллӣ, омодагиҳо барои маросими ифтитоҳро баррасӣ кард. Онҳо ҳамчунин аз толорҳои намоишӣ ва синфҳои омӯзиши Қуръон боздид намуданд ва дар маросими салавот бар Паёмбари Ислом (с) бо сокинони маҳаллӣ ва гурӯҳҳои бонувон иштирок карданд.
Ин осорхона бо маблағи зиёда аз 182 миллион бат ва бо ҳамкории Маркази идоракунии вилоятҳои марзии ҷанубии Таиланд (SBPAC) ва Идораи санъатҳои зебо бунёд шудааст.
Дар осорхона тақрибан 70 нусхаи хаттии нодири Қуръон нигоҳ дошта мешавад, ки таърихи баъзеашон ба 860 сол мерасад. Ин нусхаҳо аз кишварҳои Тайланд, Малайзия, Индонезия, Туркия ва Яман ҷамъоварӣ шудаанд.
Ҳадаф аз таъсиси осорхона ва маркази омӯзишии ҳамсояи он, ҳифзи мероси диниву фарҳангии мусалмонони ҷануби Тайланд ва густариши гуфтугӯи байнифарҳангӣ ва байнимазҳабӣ гуфта шудааст. Қарор аст ин маҷмаа ба як макони муҳими фарҳангӣ ва омӯзишӣ дар Наративат табдил ёбад.
4311403