Фаластин танҳо зодгоҳи шоири маърум Маҳмуд Дарвеш нест, ки дар шеърҳояш аз гандум ва хушаҳои он месуруд. Балки ин сарзамин ҳунармандони дигареро низ дар канори худ парвариш додааст, ки аз неъматҳои он истифода карда, асарҳои нодир офаридаанд. Мисли Ҳусом Адувон аз навори Ғазза, ки поя ва кахи гандумро ба асарҳои беназири ҳунарӣ табдил додааст.

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз "Анатолия", Маҳмуд Дарвеш, шоири бузурги фаластинӣ ва зодаи деҳаи "ал-Барва" дар шимоли Фаластин, бо гандум шеър эҷод мекард. Ӯ дар яке аз шеърҳояш менависад:
«Мо гулҳои садбаргро дӯст медорем, аммо гандумро бештар. Мо аз бӯи садбарг лаззат мебарем, вале хушаҳои гандум поктаранд. Ман гардани хушаҳои гандумро ба даст мегирам, мисли он ки ханҷаре ба оғӯш гирифта бошам.»
Аммо Ҳусом Адувон, ҳунарманди дигаре аз Фаластин, расм меофарад — бо гандум. Хушаҳо ва пояҳои гандуми ӯ дар асарҳои ҳунарияш медурахшанд ва ормони ҳунармандро бо як шеваи хос тасвир мекунанд
Дар манзили худ дар шаҳри Рафаҳ — ҷануби навори Ғазза — Ҳусом як утоқро ба коргоҳи ҳунарии худ табдил додааст. Деворҳои он пур аз расмҳое ҳастанд, ки бо пояҳои гандум оро ёфтаанд.
Дар рӯи як мизи хурд, ӯ пояҳои гандумро ба шакли ҳарфҳои як ояти Қуръонӣ, ки бо даст рӯи қоғази сафед навишта шудааст, мечинад. Ин тартиб зуд ба як наққошии тиллоии зебо табдил меёбад.
Дар нигоҳе аввал, чунин менамояд, ки расм бо дастгоҳҳои муосир кашида шудааст. Аммо вақте наздиктар менигарӣ, маҳорат ва санъати дастии ӯ дар чидани пояҳои гандум ба шакли зебо ва мунтазам рӯшан мешавад.
Ҳусом соатҳои зиёдро барои тайёр кардани расмҳояш сарф мекунад. Расмҳое, ки бо кахи гандум сохта шудаанд. Баъзе аз онҳо дорои оятҳои Қуръонӣ бо хатти зебои арабӣ ҳастанд, баъзеи дигар манзараҳои табиат ё чеҳраҳои машҳурро тасвир мекунанд.
Ӯ бар ин назар аст, ки ин навъи ҳунар навоварона ва ҷолиб аст, чун ҳам эҷодкорист ва ҳам зебоӣ дорад. Ӯ таъкид мекунад:
«Ин ҳунар нодир аст ва пайдо кардани касе, ки онро ба таври дуруст ва бе нуқс биомӯзад, хеле душвор аст.»
Барои фаҳмондани равиши кори худ, Ҳусом як варақ мегирад ва фикрҳояшро бо қалам рӯи он мекашад. Баъд пояҳо ва хушаҳои гандумро, ки қаблан дар об тар кардаанд, рӯи хатҳои кашидашуда мечинад.
Бо қайчӣ ва кордчаи тез, онҳоро бо дақиқӣ мебурад, баъдан рӯи қоғаз ширеш мемолад ва кахҳоро мечаспонад. Дар ҳолати лозим, онҳоро ранг мекунад.
Ӯ мегӯяд: «Ҳар хушаи гандуме, ки аз марзи Ғазза мегирам, намоди ормони ман аст.» Хусусан ба ин хотир ки мегӯяд:
«Ман танҳо дар рӯзҳои хос, ки кишоварзон гандумро аз заминҳои ишғолшудаи Фаластин ҷамъоварӣ мекунанд — ки ба 30-уми май рост меояд — ках ба даст меорам.»
Ҳусом Адувон на танҳо ин ҳунарро ҳамчун ғайрати шахсӣ ва фурсате барои озод кардани нерӯи эҷодӣ дар миёни муҳосираи Исроилу ҷанг идома медиҳад, балки онро ба манбаи рӯзии худ ва панҷ узви хонаводааш дар шаҳри Рафаҳ табдил додааст.
4311547