IQNA

0:09 - October 21, 2025
рақами хабар: 4016

Ҷашни 40-солагии нахустин тарҷумаи Қуръон ба забони албанийӣ

Ҷашни 40-солагии нахустин тарҷумаи Қуръон ба забони албанийӣ аз ҷониби Раёсати умури мусалмонон Косово дар шаҳри Приштина баргузор гардид.

Ҷашни 40-солагии нахустин тарҷумаи Қуръон ба забони албанийӣ

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз «Ахбори Шиъа», Раёсати умури мусалмонон Косово ҷашни чилумин солгарди интишори нахустин тарҷумаи пурраи Қуръони Карим ба забони албанийиро ҳамроҳ бо як конфронси илмӣ дар пойтахт, Приштина, баргузор намуд.
Рамазон Шкудра, мудири бахши фарҳанг, нашр ва расонаҳои Шеикхати исломии Косово дар суханрониаш дар маросими ифтитоҳ гуфт: «Ин конфронс барои қадрдонӣ аз кӯшишҳои тарҷумон, ки номи худро бо як асари илмии беҳамто ҷовидона кард, баргузор шуд, тарҷумоне ки албаниянҳоро имконият дод, то мустақиман бо маънӣҳои Китоби Худо дар тамос бошанд».
Дар идома Наим Тернава, раиси Шеикхати исломии Косово аз кӯшишҳои тарҷумон ва нақши ӯ дар хидмат ба дин ва кишвар ситоиш карда, ин тарҷумаро яке аз муҳимтарин дастоварди фикрӣ ва динӣ дар таърихи миллате албания ном бурд.
Ҳусейн Матуши, муҳаққиқи Қуръонӣ низ таъкид кард, ки тарҷумаи Қуръони Карим танҳо як лоиҳаи динӣ набуд, балки як қадами фарҳангии асосӣ буд, ки дар шаклгирии шеносоии ҷамъии ҷомеаҳои мусалмон дар албанияи забон ва таҳким кардани арзишҳои Ренессанс ва Равшангароии минтақа нақши муҳим дошт.
Ҳамчунин дар ҳошияи ин конфронс, намоишгоҳи вижаи нусхаҳои мухталифи тарҷумаи Қуръон ба забони албанийӣ баргузор гардид; дар ин намоишгоҳ пешравиҳо дар соҳаи тарҷумаи Қуръон аз аввалин кӯшишҳо то интишори таърихии он дар соли 1985 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба гуфтаи манбаъ, ин дастоварди муҳим як нуқтаи қайд дар таърихи фарҳанги исломии албания ба шумор меравад, зеро мусалмонони албанияи дар Балкани Ғарбиӣ зиндагидошта имконият ёфтанд, ки маънӣҳои Қуръони Каримро ба забони модариашон фаҳманд; инчунин, ин тарҷума ба тарҷумаҳо ва тафсирҳои зиёде оварда, китобхонаҳои исломии албанияро дар даҳсолаҳои баъдӣ бойтар сохт.

4311590

captcha