
Ба гузориши ИҚНО, Қуръони хаттии навишташуда бо хатти куфӣ бар рӯйи пӯсти оҳу, ки таърихи он ба аҳди оғозини Ислом мерасад ва ҳоло дар як музей дар масҷиди таърихии деҳаи зери тобеияти вилояти Курдистон нигаҳдорӣ мешавад, сабаби шӯҳрати ин деҳа шудааст — деҳае бо номи «Нақл».
Қуръони мазкур, ки ранги қаҳвагӣ дорад, андозааш 21 ба 38 сантиметр аст ва таърихи онро ба даврони хилофати сеюм нисбат медиҳанд. Ривоят шудааст, ки тақрибан ҳазор сол пеш, дар ҳамин макон, ки чарогоҳи васеъе барои гӯсфандон доштааст, чӯпоне ҳангоми чаро, гуле зебо мебинад. Вақте ки қасд мекунад он гулро решакан кунад, дар замин чуқурие меканад ва нохоста ба сандуқчаи дафншудае мерасад. Даруни он сандуқ нусхае аз мусҳафи шариф буд. Аз ҳамон вақт, он макон муқаддас шумурда мешавад ва масҷиде бунёд мегардад. Баъдтар, атрофи масҷид обод шуда, деҳае ба номи «Нақл» пайдо мешавад.
Аммо Қуръони Нақл, ки бо оби тилло (зар) ҳаракатгузорӣ шудааст, сабаби дигари шӯҳрату аҳамияти он низ ҳаст — ва он ҳам ин ки ба гуфтаи бисёре аз коршиносон, яке аз чор нусхаи асосӣ будааст, ки дар ибтидои Ислом навишта шуда, барои таблиғ ва густариши дини Ислом ба манотиқи мухталифи дунё фиристода шуда буд.
Ҳоло ки вилояти Курдистон мизбони чаҳоруҳаштумин даври мусобиқаҳои саросарии Қуръон аст, фурсате муҳайё шуд, то бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти деҳаи Нақл дар ин минтақаи кӯҳистонии сарсабзи Эрони Исломӣ, аввалин Конгресси байналмилалии «Қуръони Нақл» баргузор гардад.
Ин рӯйдод бо ҳузури гурӯҳе аз қориён, фаъолон ва ҳофизони курдзабон баргузор шуд ва маҷлисе шуд, ки дар он гурӯҳе аз манотиқ ва вилоятҳои курднишини Эрон, Туркия ва Ироқ гирди ҳам омаданд ва ба баҳонаи Қуръони Нақл, соате бо оҳанги нобу зебои Қуръон ҳамнишин шуданд.
4311877