
Ба гузориши “ИҚНО” аз сомонаи Остони алавӣ :
Воҳиди Дорулқуръон, ки зери назорати бахши фикрӣ ва фарҳангии Ҳарами муқаддаси Алӣ (а) фаъолият дорад, баргузории нишастҳои Қуръонӣ-и худро дар вилоятҳои Найнаво, Киркук, Басра, Диёло, Зиқор, Салоҳуддин, Бғдод, Васит, Диуония, Мусанно ва дигар манотиқи Ироқ оғоз намудааст.
Бар асоси барномаи Остони алавӣ, ин нишаст бо унвони “Амнияти матни Қуръон аз таҳриф” бо ҳузури гурӯҳе аз мутахассисон ва пажӯҳишгарони соҳаи омӯзиши Қуръон дар Бағдод баргузор шуд.
Дар ҷараёни нишаст, далелҳо ва шоҳидҳои илмии зиёд пешниҳод гардид, аз ҷумла натиҷаҳои санҷишҳо ва таҳқиқоти лабораторӣ бар рӯи нусхаҳои қадимии Қуръон, ки ба асри аввали ҳиҷрӣ тааллуқ доранд ва дар озмоишгоҳҳои ихтисосии Аврупо анҷом шудаанд.
Ҳамчунин, Остони алавӣ нишасти дигаре низ баргузор кард, ки ҳадафи он муаррифии нусхаи Қуръоне буд, ки ба Амирулмӯъминин Алӣ (а) нисбат дода мешавад ва баррасии хусусиятҳои он нусха.
Ҳарду нишаст бо истиқболи гарм ва иштироки фаъолонаи ҳозирин баргузор шуданд ва баҳсҳои илмӣ дар онҳо гуфтугӯҳоро ғанитар ва судмандтар гардонд.
Алоъ Мӯҳсен, масъули воҳиди Дорулқуръон, гуфт:
“Ҳадафи баргузории нишастҳои Ҳарами муқаддаси Алӣ (а) ин аст, ки фарҳанги Қуръонӣ густариш ёбад ва огоҳии мардум дар бораи мафҳумҳои Қуръони Карим ва нақши он дар парвариши фард ва ҷомеа тақвият ёбад.
Ин барнома ҳамчунин бар нақши ниҳодҳои динӣ дар устувор кардани арзишҳои аслии Қуръонӣ таъкид мекунад.”
4313043