IQNA

Ҷашни хатмёбии донишҷӯдухтарони донишгоҳҳои Ироқ ва кишварҳои исломӣ дар Карбалои Муалло

23:41 - November 01, 2025
рақами хабар: 4066
Наҳумин маросими хатмёбии донишҷӯдухтарони донишгоҳҳои Ироқ ва чанд кишвари арабӣ ва исломӣ дар шаҳри муқаддаси Карбало оғоз гардид.

Ба гузориши ИҚНО, иқтибос аз Ал-Кафил, муовини тавлити муқаддаси Аббосӣ гуфт:
«Зери сояи гунбади ҳазрати Абулфазли Аббос (а), ин маросим бо номи "Духтарони Кафил" оғоз шуд саҳнае пур аз ифтихор, имон ва ороста ба паёми илм ва эҳсон».

Аббос Мӯсо, илова кард:
«Ин ҷашн бо шиори “Бо нури Фотима (с) ҷаҳонро равшан мекунем” барои соли таҳсилии 2024–2025 баргузор шудааст. Дар он беш аз панҷ ҳазор донишҷӯ аз 14 вилояти Ироқ ва ҳамчунин 231 донишҷӯ аз 7 кишвари арабӣ ва исломӣ — Кувайт, Умон, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Эрон, Покистон ва Лубнон — ширкат доранд».

Ӯ таъкид намуд, ки ин ҷашн бахше аз барномаҳо ва фаъолиятҳои пайвастаи муқаддаси Аббосӣ мебошад, ки ҳадафаш қавитар кардани робитаи инсон бо дин ва ватан, ва устувор кардани арзишҳои имон ва маърифат аст.

Аббос Мӯсо ҳамчунин гуфт, ки ин барномаҳо дар чорчӯби сиёсат ва равиши муқаддаси Аббосӣ анҷом мегиранд — яъне пайравӣ аз роҳнамоиҳои марҷоияти динӣ ва пайвастани дониш ба суннат ва зиндагии имомони аҳли байт (а).

Ӯ бо ишора ба ҳузури қишрҳои гуногун дар ин маросим афзуд:
«Ин ҷашн паёми амиқ дорад — он нишон медиҳад, ки илм аз арзишҳо ҷудо нест; ҳадаф ин аст, ки сохтори ҳувияти миллӣ ва эҳсоси масъулият дар миёни ҷавонон тақвият ёбад ва наслие парвариш ёбад, ки дониш, шуур ва масъулиятшиносиро дар якҷо ҷамъ кунад».

4313850

captcha