
Ба гузориши «Йеменшабоб», ин барнома бо номи «Мишкоти нур» иҷро гардид ва дар он 50 ҳофизи Қуръон бо тиловати пайдарпай дар як ҷаласа тамоми оятҳои ваҳйро хатм карданд.
Ин рӯйдод дар фазои пурмаънаву имондорона баргузор шуд ва тиловати пайдарпайи Қуръон ба он рӯҳияи хос ва таъсирашро бештар бахшид.
Ташкилкунандагон гуфтанд, ки ин барнома дар идомаи силсилаи фаъолиятҳои Маркази Қуръонии «Сиддиқ» барои пуштибонӣ аз омӯзиши Қуръон ва дар чорчӯби барномаҳои таълимии марказ бо ҳадафи боло бурдани сатҳи маҳорати Қуръонии донишомӯзон иҷро шудааст.
Онҳо таъкид карданд, ки барномаи «Мишкоти нур» яке аз лоиҳаҳои босифати марказ ба шумор меравад, ки бо ҳадафи густариши фарҳанги низомманди хатми Қуръон ва пешниҳоди барномаҳои муфиди таълимӣ барои мардум роҳандозӣ шуда истодааст.
Гуфта мешавад, ки хатми Қуръон аз ёд яке аз барномаҳои маъмул миёни ҳофизони Қуръон дар Яман ва дигар кишварҳои исломист, ки одатан дар як рӯз анҷом мегирад. Дар чунин нишастҳо, ҳофизони Қуръон бо мураббиён ё нозирони худ ҷамъ мешаванд ва тамоми Қуръонро аз ёд тиловат мекунанд.
Мариб номи як вилояти таърихӣ ва муҳим дар Яман аст, ки аз 14 ноҳия иборат буда, беш аз 250 ҳазор нафар аҳолӣ ва 17,405 километр масоҳат дорад.
4317639