
Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз msn.com, ин Қуръонҳо тавассути масъули динии Арабистон дар Ҳинд ба Малдив супурда шуданд ва ин тӯҳфаи Малик Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистон ба мусалмонони Малдив мебошад.
Маркази чоп ва нашри Қуръони “Малик Фаҳд” ин нусхаҳоро чоп карда, барои тақсим ба миёни мусалмонон ва шахсони ниёзманд дар ихтиёри масъулини Малдив қарор додааст.
Муҳаммад Шаҳим, вазири умури исломии Малдив, аз ин иқдоми Арабистон ва саъйу талошҳои ин кишвар дар хидмат ба Ислом ва мусалмонон, инчунин тақсими Қуръон ва тарҷумаҳои он ба забонҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон, изҳори қадрдонӣ кард.
Ҷумҳурии Малдив кишвари ҷазирагӣ дар уқёнуси Ҳинд аст ва пойтахти он Мале мебошад. Мардуми ин кишвар аз қавми малдивӣ ҳастанд, ки решаашон ба ҳиндуориёӣ мерасад ва бо халқҳои Шри-Ланка ва Ҳинд қаробати қавмӣ доранд.
Дини расмии ин кишвар Ислом аст ва пайравӣ аз дигар адён дар маҳфили ом монеъ шуда, аз ҷиҳати қонунӣ ҷавобгарӣ дорад. Малдив соли 1965 аз империяи Бритониё истиқлол пайдо кард. Малдив ҳам аз ҷиҳати аҳолӣ ва ҳам масоҳат, хурдтарин кишвари Осиё ба ҳисоб меравад. Ҳамагӣ беш аз 98 дарсади аҳолии 540 ҳазорнафараи Малдив мусалмонанд.
Давлати Малдив ба афроде, ки Қуръонро пурра ҳифз мекунанд ва ба дараҷаи «ҳофиз» мерасанд, кӯмакпулӣ медиҳад. Ғайр аз ин, давлат уҳда бар дӯш гирифтааст, ки ба кӯдаконе, ки Қуръонро ҳифз кардаанд, як сафар ба умраи муфрада ҳадя кунад.
Ин буҷаи ҳимоятӣ аз сандуқи “Қуръон 6” таъмин мегардад. Ҳифзи Қуръон, ки дар ҷомеаи исломии Малдив як дастоварди шоистаи таҳсин шуморида мешавад, нишонаи пойбандии ҷиддии мардум ба дин аст ва ин мукофоти молии давлат ба таври равшан ин дастоварди арзандаро ба расмият мешиносад.
4319040