
Ба гузориши "ИҚНО", даҳумин давраи мусобиқаҳои байналмилалии равшандилон аз 13 то 16 озари соли ҷорӣ (4 то 7 декабр) дар шаҳри Ҷакарта, пойтахти кишвари Индонезия, баргузор гардид.
Заҳро Халилӣ-Самарайн, бонуи равшандили эронӣ ва ҳафизи кулли Қуръон, тавонист дар ин мусобиқаҳо пас аз гузаштан аз марҳалаи ибтидоӣ ва ҳузур дар марҳалаи ниҳоӣ, унвони аввалро дар риштае, ки ҳифзи кулли Қуръон мебошад, ба даст орад.
Мусобиқаҳои равшандилон бо мақсади ҳимояи наврасони дорои истеъдодҳои Қуръонӣ ва нишон додани нақши равшандилон ва баланд бардоштани қобилиятҳои зеҳнии онҳо дар соҳаи ҳифз ва тиловат гузаронида мешаванд.
4321412