IQNA

Оғози бақайдгирӣ барои даври сеюми Мусобиқаи Байналмилалии Тиловати Қуръон «Ал-Амид» дар Ироқ

15:28 - December 08, 2025
рақами хабар: 4204
Остони муқаддаси Аббосӣ аз оғоз шудани бақайдгирӣ барои сеюмин даври Ҷоизаи Байналмилалии «Ал-Амид» бахшида ба тиловати Қуръони Карим хабар дод.

Ба гузориши «ИҚНО» ба нақл аз «Ал-Кафил», сабти ном дар даври сеюми мусобиқаи тиловати Қуръони Ҷоизаи «Ал-Амид» барои ҳамаи кишварҳо ва ҳама гурӯҳҳои синнӣ оғоз шудааст. Ҳамагон метавонанд бо ирсоли файли видеоӣ аз тиловати худ, ки набояд бештар аз 3 дақиқа бошад, дар ин мусобиқа ширкат кунанд.

Шартҳои фиристодани видео:

Номи иштироккунанда бояд дар оғози видео зикр шавад.

Видео бояд бидуни ҳар гуна таъсироти садоӣ ва тасвирӣ бошад.

Видео бояд нав ва бе ягон вироиш ё қатъшавӣ бошад.

Барои ширкат дар мусобиқа довталабон метавонанд ба суроғаи зерин ворид шаванд:
alkafeel.net/DeansAward

Тарзи ирсоли тиловатҳо

Иштироккунандагон бояд видео ва маълумоти заруриро ба аккаунти мусобиқа дар Телеграм ба рақами зерин ирсол кунанд:
009647760005311

Агар дар ирсоли файл тавассути Телеграм мушкил пеш ояд, метавонанд бо ҳамин рақам дар Ватсап бо гурӯҳи пуштибонӣ тамос гиранд.

Ҳар шахсе, ки дар раванди сабти ном мушкил дорад, метавонад тавассути Телеграм ё Ватсап бо дастаи пуштибонӣ тамос гирад:
 009647760005311

4321504

captcha