
Ба гузориши ИҚНО бо истинод ба «Русиё ал-Явм», яке аз дарвозаҳои масҷиди бузурги ал-Умарӣ дар шаҳри Ғазза зери боришоти шадид фурӯ рехтааст.
Субҳи рӯзи 8 декабри соли 2024, режими саҳюнистӣ масҷиди ал-Умариро, ки сеюмин масҷиди бузурги Фаластин пас аз масҷиди ал-Ақсо дар Қудс ва масҷиди Аҳмад Пошо ал-Ҷаззор дар Акко ба шумор меравад, бомбаборон кард. Ин масҷид яке аз қадимтарин маконҳои ибодат дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Масҷиди бузурги ал-Умарӣ қадимтарин масҷиди Ғазза аст. Ин масҷид, ки дар маркази шаҳри кӯҳна ва дар наздикии бозори мардумӣ воқеъ гардидааст, масоҳати тақрибан 1600 метри мураббаъ-ро дар бар мегирад, аз ҷумла 410 метри мураббаъ барои намозхона ва 1190 метри мураббаъ барои саҳни бузурги он, ки замоне ҳазорҳо намозгузорро дар худ ҷой медод.
Ин масҷид бар рӯйи 38 сутуни мармарии устувор қарор дорад, ки сабки меъмории бостонии онро инъикос намуда, онро ба як шоҳкори меъморӣ табдил додааст, ки аз насл ба насл интиқол ёфтааст.
Ин масҷид ба ифтихори халифаи мусалмонон Умар ибни Хаттоб «масҷиди Умарӣ» номгузорӣ шудааст. Ҳамчунин он ба унвони масҷиди ҷомеи Ғазза шинохта мешавад, зеро бузургтарин масҷиди ин шаҳр аст. Таърихи ин масҷид ба давраи пеш аз масеҳият бармегардад, замоне ки он як маъбади бостонӣ буд. Дар асри панҷуми милодӣ византиҳо онро ба калисо табдил доданд. Пас аз фатҳҳои давраи исломӣ дар асри ҳафтум, мусалмонон онро дубора ҳамчун масҷид бозсозӣ карданд, то он ки манораи он дар зилзилаи соли 1033 милодӣ фурӯ рехт.
Соли 1149, салибиён масҷидро ба калисо табдил доданд, аммо Айюбиён пас аз ҷанги Ҳиттин дар соли 1187 онро бозпас гирифта, аз нав сохтанд.
Дар асри сездаҳум ин масҷид аз ҷониби мамлукҳо тармим шуд, то он ки дар соли 1260 аз ҷониби муғулҳо вайрон гардид. Бо вуҷуди ин, ба зудӣ аз ҷониби мусалмонон бозпас гирифта шуда, аз нав бунёд ёфт.
Ин масҷид бори дигар дар натиҷаи зилзилае, ки дар охири асри сездаҳум ин минтақаро такон дод, вайрон шуд.
Дар асри понздаҳум, усмониҳо пас аз зилзила онро тармим карданд, аммо дар ҷараёни Ҷанги ҷаҳонии якум боз бар асари бомбаборони Бритониё осеб дид.
Соли 1925, Шӯрои олии мусалмонон онро тармим карда, ба як нишонаи марказӣ дар зиндагии мардуми Ғазза табдил дод, то он ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии ахири Исроил вайрон гардид.
4322704