IQNA

Баргузории маҳфили унс бо Қуръон дар ҳарами муттаҳари Алавӣ + акс

1:08 - January 01, 2026
рақами хабар: 4283
Маҳфили нуронии қуръонӣ бо ҳузури қориён ва зоирон дар ҳарами муттаҳари Алавӣ баргузор гардид.

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз сомонаи Остони муқаддаси Алавӣ, дар остонаи мавлуди ҳазрати Амирулмуъминин Алӣ (а) ва оғози ҳафтаи «Мавлуди Каъба», маҳфили нуронии қуръонӣ бо иштироки қориён ва зоирон дар ҳарами муттаҳари Алавӣ баргузор шуд.

Остони муқаддаси Алавӣ аз оғози иҷрои тарҳи фарогири барномаҳои «Ҳафтаи Мавлуди Каъба» ба муносибати солрӯзи фархундаи таваллуди Амирулмуъминин (а) хабар додааст.

Дар ин тарҳ барномаҳои гуногуни дохилӣ ва байналмилалӣ бар асоси гурӯҳҳои ҳадаф бахшбандӣ шудаанд, то дар баробари қишрҳои мухталифи ҷомеа, гурӯҳҳои байналмилалиро низ фаро гиранд; иқдоме, ки бозтобдиҳандаи буъди ҷаҳонии ин муносибат буда, ҷойгоҳи Остони муқаддаси Алавиро ҳамчун як маркази динӣ ва фарҳангӣ тақвият мебахшад.

4325788

captcha