IQNA

Дидори вазири авқофи Алҷазоир бо доварони хориҷии мусобиқаи Қуръон

22:19 - January 05, 2026
рақами хабар: 4300
Вазири корҳои динӣ ва авқофи Алҷазоир дирӯз бо доварони хориҷии бисту якумин мусобиқаи байналмилалии Қуръонии ин кишвар дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Ба гузориши «ИҚНО» ба нақл аз «Алайям», дар ин дидор, ки дирӯз, 14 дей (24 январ) дар қароргоҳи ин вазоратхона баргузор шуд, шайх Тоҳир бин Зоҳир бин Масъуд бин Саид ал-Аъзвонӣ, мудири идораи Қуръони Вазорати авқоф ва корҳои динӣ-и Умон ва шайх Муҳаммад Фаҳд Хоров, устоди қироат, тафсир ва улуми Қуръони Сурия ҳузур доштанд.

Ин дидор ба хотири ширкат кардани ин ду нафар дар Кумитаи доварии бисту якумин мусобиқаи байналмилалии ҳифз ва тиловати Қуръони Алҷазоир баргузор шуд ва ин ду довар, бо ситоиши талошҳои ин кишвар дар хидмат ба Қуръон, нақш ва мақоми ин мусобиқаи байналмилалиро дар таҳким ва густариши арзишҳои қуръонӣ тавзеҳ доданд.

Юсуф Балмаҳдӣ, вазири корҳои динӣ ва авқофи Алҷазоир низ дар ин мулоқот барои доварон иқомати хуш ва муваффақият дар иҷрои вазифаашон орзу кард ва меҳмонон низ аз истиқболи гарм ва меҳмоннавозии алҷазоириҳо қадрдонӣ намуданд.

Бисту якумин мусобиқаи байналмилалии ҳифз ва тиловати Қуръон — Ҷоизаи Алҷазоир — таҳти назорати Юсуф Балмаҳдӣ, вазири корҳои динӣ ва авқофи Алҷазоир оғоз шуд ва ин рақобатҳо бо иштироки беш аз 48 кишвар баргузор гардид.

Рақобатҳои ин рӯйдод тавассути технологияи видеоконфронс ва аз масофаи дур, дар сатҳи сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва ҳайатҳои дипломатии Алҷазоир дар хориҷ аз кишвар ва таҳти назорати кумитаи доварони байналмилалӣ баргузор шуданд, ки иборат аз чор довар аз Алҷазоир, як довар аз Сурия ва як довар аз Умон буданд.

Марҳалаи муқаддимотии ин мусобиқа то 10-уми дей идома дошт ва дар ҷараёни он 20 нафар аз кишварҳои гуногун барои иштирок дар марҳалаи ниҳоӣ, ки ба муносибати воқеаи «Исро ва Миъроҷ» баргузор мегардад, баргузида ва муаррифӣ шуданд.

4327061

captcha