IQNA

Гиромидошти рӯзи миллии Қуръон дар донишгоҳи Бағдод

16:08 - January 18, 2026
рақами хабар: 4318
Маросими вижаи рӯзи милии Қуръон дирӯз, 27 дей бо ҳузури нахуствазири Ироқ дар донишгоҳи Бағдод баргузор шуд

Ба гузориши икно ба нақл аз mohesr.gov, Муҳаммад Шиёъ Ал-судонӣ, нахуствазири Ироқ дар ин маросим ки ба унвони ҷашни марказӣ рӯзи миллии Қуръон ва ба муносибати иди мабъас дар донишгоҳи Бағдод баргузор шуд, суханрони кард.

Вай гӯфт: Ироқиҳо ба ин далел тавонистанд хатарноктарин балоҳо ва мусибатҳоро пушти сар бигзоранд, ки Қуръони Карим дар дил ва қалби онҳо ҳузур дорад.

Наъим Ал-абуди, вазири омӯзиши оли ва пажуҳиши илмии Ироқ низ дар ин маросим баён кард: масъулияти ҳамагон, ба вижа донишгоҳҳо, иҷоб мекунад, ки нақши доими дар огоҳи бахши нисбат ба арзишҳои исломӣ ва фаъолиятҳои Қуръонӣ дошта бошанд.

4329009

captcha