
Ба гузориши ИКНО ба нақл аз Ал-Явм ас-Собиъ, ин вазорат талошҳои худро дар соҳаи ҳифзи Қуръон идома дода, фаъолиятҳои гуногуни Қуръониро мутобиқи меъёрҳо ва механизмҳои муайяншуда дар мактабхонаҳои ҳифзи Қуръон ба иҷро мерасонад.
Ин фаъолиятҳо дар чорчӯби барномаҳои Вазорати авқофи Миср ҷиҳати фаъолсозии мактабхонаҳои ҳифзи Қуръон ҳамчун марказҳо ва манораҳои фаъоли Қуръонӣ амалӣ гардида, дар тарбияи наслҳои Қуръонӣ ва ошно ба Китоби Худо нақши муассир доранд.
Дар ҳоли ҳозир дар Миср 1797 мактабхонаи ҳифзи Қуръон ва 89 ҳалқаи ҳифзи Қуръон ба таври фосилавӣ (онлайн) фаъолият доранд, ки ин амр аз густардагии хизматрасониҳои Қуръонӣ ва гуногунии усулҳои пешниҳоди барномаҳои Қуръонӣ дар ин кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Қаблан низ барномаи «Қироати худро ислоҳ кунед» бо ибтикори Идораи авқофи вилояти Суҳоҷ ва дар ростои таъкиди Вазорати авқофи Миср бар боло бурдани сатҳи қироати Қуръон ва густариши фарҳанги дурусти Қуръонӣ дар масоҷид ба иҷро даромада буд.
Иштирокчиёни ин барнома бо ташкили ҳалқаҳои Қуръонӣ ба омӯзиши қироат бо риояи аҳкоми таҷвид ва махориҷи ҳарфҳо пардохтанд ва Идораи авқофи Суҳоҷ ният дорад ин барномаи таблиғии Қуръониро бо ҳадафи эҳёи нақши масҷид ҳамчун маркази донишомӯзӣ ва имон, инчунин маҳалли тарбияи инсон, дар дигар масоҷиди ин вилоят низ татбиқ намояд.
4330616