
Ба гузориши Икно ба нақл аз «Ал-Буобa», дар ин конфронси исломӣ гурӯҳе аз уламо ва донишмандони аршад, раҳбарон ва мақомоти мазҳабҳои гуногун, ҳамчунин равшанфикрон ва чеҳраҳои фарҳангӣ аз саросари ҷаҳон гирд меоянд. Ин конфронс бо ҳимояти Абдулфаттоҳ ас-Сийсӣ, раиси ҷумҳури Миср ва бо ҳузури Аҳмад ат-Тайиб, шайхи Ал-Азҳар баргузор хоҳад шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин конфронс, таҳкими пояҳои табодули илмӣ миёни мактабҳои фикрӣ ва мазҳабҳои исломӣ, ислоҳи қолабҳои зеҳнии мутақобил бо баррасии решаҳои таърихӣ ва маърифатшинохтии онҳо ва эҷоди воқеиятҳои одилона ва мунсифона барои ҳама мебошад.
Аҳмад ат-Тайиб, шайхи Ал-Азҳар, таъкид кард, ки мизбонии Миср аз ин конфронси муҳими байналмилалӣ, бархоста аз уҳдадории ин кишвар ба ваҳдат ва ҳамбастагии уммати исломӣ дар рӯбарӯӣ бо чолишҳост; чолишҳое, ки бо ҳадафи эҷоди ихтилоф ва парокандагӣ миёни бахшҳои гуногуни ҷаҳони ислом ва мактабҳои фикрӣ ва мазҳабҳои мутанаввиъи он ба роҳ андохта мешаванд.
Ин конфронс идомаи талоши илмӣ ва фарҳангиест, ки бо даъвати ҷаҳонии шайхи Ал-Азҳар дар моҳи ноябри соли 2022 оғоз ёфт. Баргузории он дар шароите сурат мегирад, ки ниёз ба тақвияти фарҳанги тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни бахшҳои уммати исломӣ беш аз пеш эҳсос мешавад ва тарвиҷи гуфтугӯи мантиқӣ ҳамчун равиши асосӣ барои пардохтан ба иллатҳои ихтилоф, норавшанӣ ва муқобила бо чолишҳои муштарак зарурӣ гардидааст.
Баргузории ин конфронс бо ҳимояти Абдулфаттоҳ ас-Сийсӣ, нақши таърихӣ ва меҳварии Мисрро дар пуштибонӣ аз масоили ҷаҳони ислом ва тақвияти гуфтугӯ ва ваҳдат таъйид мекунад.
Шӯрои ҳукамои мусулмонон як ниҳоди байналмилалии мустақил аст, ки соли 2014 таъсис ёфта ва қароргоҳи марказии он дар Абузабӣ ҷойгир мебошад. Ин шӯро барои тарвиҷи сулҳ, гуфтугӯ ва ҳамзистии инсонӣ талош мекунад. Раёсати ин шӯро бар уҳдаи Аҳмад ат-Тайиб, шайхи Ал-Азҳар аст ва аъзои он аз гурӯҳи барҷастаи уламо, хирадмандон ва чеҳраҳои муҳими ҷаҳони ислом иборатанд, ки бо хирад, миёнаравӣ ва истиқлолияти худ шинохта мешаванд ва дар ҷомеаҳои худ аз нуфуз ва ҷойгоҳи мӯътабар бархурдоранд.
4331157