IQNA

Сардоби ҳарами Аббосӣ (а); омодаи истиқболи зоирони нимаи Шаъбон

23:19 - February 02, 2026
рақами хабар: 4352
Бахши умури хадамоти ҳарами мутаҳҳари Аббосӣ сардобҳои ҳарамро барои пазироии зоирони зан дар тӯли зиёрати пурбаракати нимаи Шаъбон омода кардааст.

Ба гузориши Икно ба нақл аз пойгоҳи электронии остони муқаддаси ҳазрати Аббос (а), Аббос Алӣ Абулъавф муовини раиси бахши хизматрасонӣ ба зоирон бо эълони ин хабар гуфт: кормандони ин бахш сардобҳои ҳарамро бо тамоми имконоти рифоҳӣ барои истиқболи бонувони зоире, ки дар маросими бузургдошти милоди Имом Маҳдӣ (аҷ) иштирок мекунанд, муҷаҳҳаз намудаанд.

Вай афзуд: ин сардобҳо бо нусхаҳои Қуръон, саҷҷодаҳо ва китобҳои дуо ва одоби махсуси зиёрат таъмин шудаанд, то илова бар пешниҳоди тамоми хадамоти зарурӣ барои таъмини як зиёрати шоиста, анҷоми маносики зиёрат барои зоирон осон гардад.

Абулъавф идома дод: кормандони ин бахш талош доранд, то беҳтарин хадамоти пуштибониро барои таъмини рафтуомади равони зоирони зан ва ҳамчунин боло бурдани сатҳи роҳатӣ ва тозагӣ дар минтақаҳои муайяншуда фароҳам оваранд.

Дар ҳоле ки ду рӯз то фарорасии нимаи Шаъбон боқӣ мондааст, пиёдаравӣ аз шаҳрҳои Наҷаф, Козимайн ва Сомиро оғоз шуда ва ба назар мерасад шумори зоирон низ афзоиш ёбад. Неруҳои амниятӣ ва Ҳашдишаъбӣ низ бо беш аз 1600 дурбини собит ва сайёр, рафтуомади зоирон ва фаъолияти мавкибҳоро таҳти назорат доранд.

Идораи остони муқаддаси Ҳусайнӣ ва Аббосӣ (алайҳимассалом) бо ҳадафи якпорчагӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳои саҳроӣ, кори осонсозии ҳаракати мавкибҳо ва зоирон ва таъмини ҷараёни мунтазами хадамотро дар айёми зиёрат анҷом додааст.

Ин идора ҳамчунин бар мавкибҳои хизматрасон назорат дошта, пуштибонӣ ва роҳнамоии лозимро пешниҳод мекунад ва ба муваффақияти маросими зиёрати нимаи Шаъбон кумак мерасонад, то ин маросим ба шевае баргузор гардад, ки шоистаи азамату қудсияти ин муносибат бошад.

Зиёрати нимаи Шаъбон яке аз барҷастатарин зиёратҳои солона ба шаҳри муқаддаси Карбало ба шумор меравад, ки ҳар сол миллионҳо зоир аз дохил ва хориҷи Ироқ ба муносибати солрӯзи милоди Имом Замон (аҷ) ба он ҷо меоянд.

4331847

captcha