
Ба гузориши «Икно» ба нақл аз «Ал-Аҳд», Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе бомбгузории террористие, ки аз сӯи террористони такфирӣ дар масҷиди «Хадиҷа-ул-Кубро» дар пойтахти Покистон Исломобод, ҳангоми намози ҷумъа анҷом шуда ва боис ба шаҳодати даҳҳо нафар ва захмӣ шудани шумори зиёде гардидааст, шадидан маҳкум намуд.
Ҳизбуллоҳ дар ин баёния таъкид кард: ин ҳамлаи хиёнаткорона бори дигар нишон дод, ки идеологияи гумроҳи такфириҳо, ки гурӯҳҳои қотилони хунхорро муттаҳид месозад ва ҳамаи онҳоеро, ки аз лиҳози ақида ва андеша бо онҳо мухолифанд, кофир мешуморад, ҳамоно абзори хатарноке мебошад, ки ҳар замон нерӯҳои истикбор ва қудратмандони ҷаҳон бихоҳанд ихтилоф ва фасод эҷод кунанд, кишварҳо ва ҷомеаҳоро аз ҳам пош дода, амнияту суботи онҳоро заиф мегардонанд.
Ҳизбуллоҳ таъкид намуд: ин идеологияи террористӣ як гурӯҳро бар гурӯҳи дигар тарҷеҳ намедиҳад, балки ҳамаи касонеро, ки дар канори ҳақ бар зидди ботил меистанд, новобаста аз дин, ҷинс ё қавмияташон, ҳадаф қарор медиҳад.
Дар идомаи баёния омадааст: ин вазъият ҳамкории комили ҳамаи кишварҳои арабӣ ва исломиро дар тамоми сатҳҳои амниятӣ, фикрӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ тақозо мекунад, то ин идеологияи ҷинояткорона решакан гардида, ин қотилон ва ҷинояткорон аз ҷомеаҳо ва кишварҳои мо берун ронда шаванд.
Дар поёни баёния зикр шудааст: Ҳизбуллоҳ амиқтарин таъзияҳои худро ба хонаводаҳои шаҳидон иброз дошта, аз Худованди мутаъол барои шаҳидон раҳмат, барои маҷрӯҳон шифои оҷил ва барои мардуми Покистон амнияту оромиш масоилат менамояд.
4332719