IQNA

Ҷаримаи шаҳрдориҳои Ҳолланд ба сабаби нақзи ҳимояи шахсият барои мусалмонҳо

21:49 - February 07, 2026
рақами хабар: 4366
Созмони муҳофизати маълумотҳои Ҳолланд (AP) 10 шаҳрдори ин кишварро барои нақзи ҳимояи шахсиятҳои ҷомеаҳои мусалмонӣ ҷарима кардааст.

Ба гузориши Икно аз нақли TRT, ин ҷарима ба сабаби ҷамъоварии маълумоти ҳассос дар бораи мусалмонҳо бе огоҳии онҳо эълон шудааст.

Ин масала, ки шаҳрдориҳо пинҳонӣ тадқиқотро фармоиш дода ва парвандаҳое бо маълумоти ҳассос дар бораи шаҳрвандони мусалмон ташкил кардаанд, аввалин маротиба дар соли 2021 ошкор шуд.

Ин таҳқиқот ба сабаби тарс аз эҳтимоли ифротгароии мусалмонҳои Ҳолланд баъд аз зуҳури ДАИШ ва ҷанги дохилӣ дар Сурия анҷом шуда буд.

Пас аз дархостҳои давлат ва агентии мубориза бо тероризм (NCTV) ин кишвар барои монеъат кардан ба ифротгароии мусалмонҳо ва сафар кардани шаҳрвандони мусалмон ба Сурия, шаҳрдориҳои 10 шаҳр як ширкатро вазифадор карданд, то маълумотро дар бораи ҷомеаҳои мусалмонӣ, аз ҷумла одамони муҳим ва ҷойҳое чун масоҷид, ҷамъоварӣ кунанд.

Масоили гузоришҳо ва маълумотҳои ҷамъоваришаванда гуногун ва шомили ҷузъиёти боварҳои динӣ ва ҳақиқатҳои шахсие буданд. Баъзеҳо аз ин ҳам бештар рафта, номҳо, тасвирҳо, маълумотҳои хонавода ва нақшҳо дар бораи масоили дохилии масоҷидро ҷамъоварӣ карданд ва дар чандин мавридҳо, профилҳои шахсии дақиқ низ тартиб дода шуданд.

Баъзе аз ин гузоришҳо ва маълумотҳо бо пулис, агентии мубориза бо тероризм ва Вазорати корҳои иҷтимоӣ ва меҳнат ба табодул гузошта шуданд.

Ба гуфтаи Алийд Волфсен, раиси Созмони муҳофизати маълумотҳои Ҳолланд, шаҳрдориҳо барои доштани ин маълумотҳо асоси қонунии набуданд.

Вай гуфт: "Ҳимояи шахсияти одамони осебдида ба таври ҷиддӣ нақз шудааст ва ин боиси осеб ба эътимоди мардум ба бисёр шаҳрдориҳо гардидааст."

Шаҳрдориҳои, ки ҷарима хоҳанд шуд, шомили шаҳрҳои Делфт, Ад, Айндҳовен, Ҳарлеммермир, Ҳилверсум, Ҳуизен, Гусмерен, Тилбург, Виндал (Финдал) ва Зотермер мебошанд.

Шаҳрдории шаҳр Делфт аз ҷомеаҳои мусалмонӣ, аз ҷумла масҷиди Ансори ин шаҳр, барои таҳқиқоти пинҳонӣ узр хост.

4332776

captcha