
Мардум дар саросари Эрони исломӣ рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузури густарда дар хиёбонҳо, 47-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломиро гиромӣ доштанд. Ширкаткунандагон зимни таҷдиди паймон бо ормонҳои бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раҳбари муаззами инқилоб, бар идомаи роҳи шаҳидон ва ҳифзи арзишҳои инқилоб таъкид карданд.
Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми телевизионии худ ба муносибати 22 баҳман, ин рӯзро «рӯзи рӯнамоии қудрат ва иззати миллати Эрон» унвон карда, ҳузури мардум дар саҳнаро нишонаи вафодорӣ ба низом донистанд. Ба таъкиди ишон, ин ҳузури густарда метавонад душманонро аз тамаъварзӣ нисбат ба Эрон ва манофеи миллӣ ноумед созад. Раҳбари ҶИЭ аз мардум хостанд, ки бо нишон додани ирода ва истодагии худ, душманро маъюс кунанд.
22 баҳман ёдовари яке аз сарнавиштсозтарин рӯйдодҳои таърихи муосири Эрон аст. Миллати Эрон дар тӯли беш аз чаҳор даҳа, новобаста аз шароити сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳар сол бо ҳузури худ дар роҳпаймоӣ, бар ваҳдату ҳамбастагӣ ва пойбандӣ ба арзишҳои инқилоб таъкид кардааст.
Ширкати мардум дар ин маросим, ба гуфтаи нозирон, саҳнае аз намоиши бедорӣ, ҳушёрӣ ва масъулиятпазирии миллӣ аст. Ин ҳузур, ҳамзамон паёми итминон барои ҷонибдорони низом ва ҳушдоре барои мухолифон арзёбӣ мешавад ва талошҳои таблиғотии расонаҳои хориҷиро барои эҷоди ноумедӣ ё тафриқа камранг мекунад.
Роҳпаймоии 22 баҳман ба унвони яке аз муҳимтарин муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоии кишвари Эрон, бозтобе аз ваҳдати миллӣ ва нишони пуштибонии мардум аз сохтори Ҷумҳурии Исломӣ дониста мешавад. Ин рӯйдод на танҳо дар сатҳи дохилӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.
Бархе таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Инқилоби исломӣ дар тӯли солҳо ба унвони як модели муқовимат ва истиқлол барои дигар миллатҳо матраҳ шудааст ва роҳпаймоии 22 баҳман ёдовари ҳамин паём аст. Ҳузури наслҳои ҷавон дар канори дигар қишрҳои ҷомеа низ нишон медиҳад, ки арзишҳои инқилоб ҳамчунон дар фазои иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҷараён дорад.
Дар маҷмӯъ, роҳпаймоии 22 баҳман намоди пӯёӣ ва зинда будани Инқилоби исломӣ арзёбӣ мешавад; ҳузуре, ки ба гуфтаи масъулон, пуштвонаи амният ва суботи миллӣ буда, паёми ваҳдат ва истодагии миллати Эронро ба дохил ва хориҷ аз кишвар мунтақил мекунад.